Кумитаи дин дар бораи таҷлили Соли нав: ба эҳсоси динии мардум нохун назанед

Таҷлили фарорасии Соли нави мелодӣ, агар ба дин муносибат дода нашавад, муқобили шариати Ислом нест.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Котиби матбуотии Кумитаи дин Афшини Муқим мегӯяд, Соли нав дар Тоҷикистон ҳамасола ба сифати як ҷашни тақвимӣ таҷлил мешавад.

Яъне, тоҷикистониён низ дар қатори миллионҳо нафар мусулмонон дар саросари дунё дар радифи дигар иду ҷашну маросим аз Соли нав ҳам истиқбол мекунанд.

"Мутаассифона, гурӯҳу афроде ҳастанд, ки аз таҷлили Соли нав ҳангомаҷӯӣ карда, бо ҳар баҳонае мехоҳанд ба эҳсоси диниву мазҳабии мардум нохун бизананд. Аммо воқеият ин аст, ки дар ҷомеаи мо Соли нав ҳамчун ҷашни диниву мазҳабӣ пазируфта нашуда, балки он як ҷашни тақвимӣ ё ба истилоҳ ҳисоботист, ки аз бурду бохти  соли гузашта натиҷагирӣ ва барои як соли баъдӣ барномарезӣ сурат мегирад", — таъкид намудааст ӯ дар суҳбат бо АМИТ "Ховар".

Бино ба ақидаи котиби матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ, далели воқеан ҷашни тақвимӣ будани Соли нав он аст, ки дар ҷомеаи мо ҳамдигарро бо ифодаи “Соли нав муборак!” самимона табрику таҳният мегӯянд ва изҳори орзуҳои нек мекунанд.

Арчаи бошукӯҳи Соли навӣ: Душанбе ба пешвози соли 2020 омода аст - навор

Навбатдории шабонарӯзӣ: мақомоти қудратии Тоҷикистон фаъолиятро пурзӯр мекунад

Таъбири “мелод муборак” ё ҳар ифодаи марбут ба мелоди Паёмбар Исо аслан дида намешавад. Гузашта аз ин, ба мақоми ваколатдор ҳам аз ҳеҷ гуна ташкилоту иттиҳодияҳои динӣ барои баргузории ба истилоҳ ҷашни диние дар арафаи соли нав муроҷиат нашудааст.

Шоми 31 декабр дар майдони “Дӯстӣ” барномаи рангоранги солинавӣ баргузор мешавад

"Аз ин лиҳоз, додани ҳар гуна тобиши динӣ дар масъалаи таҷлили Соли нав дар Тоҷикистон ба манфиати кор набуда, баръакс, сабаби ба миён омадани фитнаву ҳангомаҳо мегардад", - мегӯяд Афшини Муқим.