“Барои зиндагӣ пул кор мекунам”: боздошти “маъюб”-и мардумфиреби дигар-аксу видео

Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе аз ошкор шудани мардумфиребии ҷавони дигаре хабар додаст, ки худро маъюб вонамуд карда, дар пойтахт ба гадоӣ машғул будааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Алихон Ҳайитов, сокини 22-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки мақомоти умури дохилӣ аз мардумфиребияш дар Душанбе гузориш доданд, изҳор дошт, ки ба ин восита барои зиндагӣ пул кор мекард.

Ӯ дар гузориши РВУД мегӯяд, ҳар саҳар ба Душанбе омада, асо гирифта, худро маъюб вонамуд мекард ва пул ҷамъ меовард.

“Ҳайитов Алихон Тағоевич, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ,О бо нишон додани ҳолати ҳузнангезу маъюбии худ ба роҳи мошингузар баромада, ба дараҷае моҳирона худро маъюб нишон медиҳад, ки дар дили ҳар роҳгузар эҳсоси раҳму шафқатро ба вуҷуд оварда, ба ӯ дасти кӯмак дароз мекунанд”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

“Барои зиндагӣ пул кор мекунам”: боздошти “маъюб”-и мардумфиреби дигар-аксу видео

Манбаъ афзуд, Ҳайитов на маъюб, балки ҷисман солим буда, танҳо ба хотири бо ин роҳ ба даст овардани маблағ ба ин кор машғул шудааст.

Ҳабси ҷавони талбанда дар Душанбе: солим аст, аммо худро маъюб вонамуд мекард

РВУД таъкид кардааст, ки “ин амали ноҷавонмардонаи чунин афрод ба нангу номус ва шаъну шарафи инсонӣ доғ оварда, боиси озурдахотирии сокинону шаҳрвандон махсусан меҳмонони хориҷии пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе мегарданд”.

Қаблан Раёсати умури дохилии Душанбе аз ошкор шудани мардумфиребии Муборакшо Зиёев, ҷавони 23-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат хабар дод, ки дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе ду адад асо дар даст худро маъюб нишон дода, аз роҳгузарон талаби кумак мекард.