ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Шурӯъ аз 1 - уми сентябри соли оянда дар Тоҷикистон ҳаҷми маошу нафақа ва идрорпулӣ зиёд карда мешавад.
Дар ин бора имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми навбатӣ ба парлумони кишвар хабар дод.
Ба изҳори Эмомалӣ Раҳмон соли оянда нафақаи маъюбон 50 фисад ва нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон 15 фоиз зиёд карда шаванд.
Дар баробари ин, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 15 дарсад зиёд карда мешавад.
Ҳамчунин идрорпулии донишҷӯён ва дигар намудҳои идрорпулӣ ба андозаи 15 фоиз боло бурда мешавад.
Маошу нафақа дар Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2018 чи қадар боло меравад?
Музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ бошад 10 фоиз зиёд карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва кӯмакпулӣ қарор қабул карда буд.
Он замон ҳаҷми ҳадди ақали музди меҳнат дар Тоҷикистон 60 фоиз, нафақа 20 дарсад ва идрорпулӣ 30 фисад зиёд карда шуд. Дар умум барои ин амалиётҳо 1 миллиарду 323 миллион сомонӣ ҷудо гардида буд.