Президент қатли марзбонҳои тоҷикро кори “ДОИШ” хонд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳамлаи ахир ба дидбонгоҳи марзии “Ишқобод”-ро кори дасти аъзои созмони террористии ба ном “ДОИШ” гуфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Раҳмон дар паёмаш ба парлумон изҳор дошт, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст.

Аслов аз ҳалокати занону кӯдакон дар ҳамла ба постгоҳи Ишқобод гуфт

Раисиҷумҳур гуфт, созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд.

Қазоқистон назорати марзро баъд аз ҳамла ба дидбонгоҳи Тоҷикистон пурзур намуд - видео

“Чунонки шумо хабар доред, чанде аз аъзои яке аз гурӯҳҳои созмони террористии давлати ба ном исломӣ ба дидбонгоҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳуҷум карда, даст ба қатли сарҳадбонон заданд”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Кобулов дар бораи ҳуҷум ба дидбонгоҳи "Ишқобод": Русия бохабар буд

Ӯ зарур хонд, ки сохтору мақомоти марбута дар роҳи ташвиқу тарғиби тундгароии динӣ садди устувор гузошта, ҷавононро ба ҳушёриву зиракӣ ҳидоят кунанд ва онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.

Раисиҷумҳур ҳамчунин гуфт, қонуни “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, ки соли 1999, яъне 20 сол пеш қабул шуда буд, вобаста ба талаботи замон ба такмил ниёз дорад.

Ӯ ба вазоратҳои адлия ва корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералӣ супориш дод, ки лоиҳаи қонуни зикршударо дар таҳрири нав таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.