Тасдиқи буҷаи ояндаи Душанбе ва дастури шаҳрдор барои иҷрои бечунучаро

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе буҷаи пойтахтро барои соли 2020 дар ҳаҷми 3 миллиарду 150 миллиону 495 ҳазор сомонӣ тасдиқ намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдории Душанбе, буҷаи пойтахт дар соли 2020 нисбати соли равон 107,5 миллион сомонӣ бештар мебошад. Нақшаи даромади буҷа дар соли равон 3 миллиарду 43 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, зимни баррасии масъалаи буҷа изҳор доштааст, ки нақшаи даромад бояд пурра ва бечунучаро иҷро гардад.

Ӯ таъкид намудааст, ки даромади буҷа аз ҳисоби дарёфти сарчашмаҳои нави даромад таъмин гардаду пули давлат мақсаднок истифода шавад.

“Рустами Эмомалӣ масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои марбутаи шаҳри Душанберо ҷиҳати таъмини иҷрои пурра ва бечунучарои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2020, дарёфти сарчашмаҳои нав ва зиёд намудани даромади буҷет вазифадор кард”, - омадааст дар иттилоияи шаҳрдорӣ.

Инчунин раиси Душанбе барои назорати истифодаи самарабахш ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, ҷамъоварии андозҳо ва таъмини пурраи андозбандӣ ва инчунин баланд бардоштани интизоми андозсупорандагон вазифадор намуд.