Сафир хостори содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Чин шуд

Парвиз Давлатзода, сафири Тоҷикистон дар Чин, зимни як ҳамоиш дар Пекин хостори густариши воридоти маҳсулоти тавлиди Тоҷикистон ба ин кишвар шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Дар ҳоле, ки Чин аз калонтарин кишварҳои таъминкунандаи мол дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошаду маҳсулоти истеҳсоли ин кишвар дар бозорҳои Тоҷикистон низ зиёданд, Давлатзода масъалаи содироти маҳсулоти тоҷикистонӣ ба Чинро ба миён гузошт.

Чин дар Хатлон боғи намунавии себи чинӣ бунёд мекунад

Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Парвиз Давлатзода дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи 7-уми байналмилалии “China-Eurasia Expo”, ки 20 декабри соли ҷорӣ дар Пекин доир гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Манбаъ афзуд, сафир ба ташкилкунандагони чорабинӣ барои даъвати ҷониби Тоҷикистон ба намоишгоҳ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки Намоишгоҳи 7-уми байналмилалии “China-Eurasia Expo” заминаи муносибро барои ба роҳ мондани робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ фароҳам меорад.

Давлатзода таъкид кард, ки баргузории намоишгоҳ барои муаррифии маҳсулоти кишварҳои Аврупо ва Осиё, хусусан воридоти маҳсулоти Тоҷикистон ба Чин мусоидат хоҳад кард.