ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Ба иттилои Раёсати умури дохилии Тоҷикистон, санаи 22 - юми декабр яке аз корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо ирсоли расми қоидавайронкунии як нафар ронанда аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намуд, ки нисбати он барои таваққуфи нодуруст ва монеагӣ эҷод намудан ба ҳаракати воситаи нақлиёти ҷамъиятӣ чораҳои қонунӣ андешида шавад.
Манбаъ меафзояд, пас аз дарёфти ин муроҷиат, кормандони пулис ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи Опел-астра, Расулов Саиданвари 22 - сола, сокини шаҳри Кӯлоб мебошад, ки дар ҳақиқат ба қоидавайронкунии дағали ҳаракат роҳ дода, автомашинаи худро дар ҷойи номуқарраргардида таваққуф намудааст.
"Ин амали номбурда боиси халал расонидан ба ҳараки воситаи нақлиёти ҷамъиятӣ, ҳамзамон норозигии шаҳрвандонро ба вуҷуд овардааст", - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, нисбати Расулов Саиданвар тибқи моддаи 324 Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, автомашинаи мазкур ба ҷаримагоҳи Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе интиқол дода шуд.
Боздошти нозири тамаъҷӯй дар Панҷакент: аз соҳибкор 6000 сомонӣ гирифт