Номаҳои сипос ба Шамсиддин Орумбекзода

Ба унвони вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода аз номи ду сиёсатмадори Русия сипосномаҳо омадааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Ба унвони вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода аз директори Хонаи дӯстии халқҳои Красноярски Русия З. Грудина номаи сипос омадааст.

Бино ба гузориши Вазорати фарҳанг, дар матни нома хонум Грудина ба Вазири фарҳанг барои ҳиссаи арзанда ва кӯмаку дастгирӣ ба Ташкилоти ҷамъиятии маҳаллии Красноярск - Автономияи миллӣ-фарҳангии тоҷик “Ватан”, ки дар Красноярск фаъолият мебарад, изҳори сипос намудааст.

"Дастгириҳои Шумо барои ба таври арзанда муаррифӣ намудани фарҳанг ва анъанаҳои халқи тоҷик дар Красноярск мусоидат менамоянд”, - омадаатс дар нома.

Ба ҳамин мазмун номаи сипос ба вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз раиси Ташкилоти ҷамъиятии маҳаллии Красноярск - Автономияи миллӣ-фарҳангии тоҷик “Ватан” А. Сайдамиров низ дастрас гардид.

Орумбекзода гуфт, кадом ояти Қуръон бояд дастури фаъолияти ҳар мусулмон бошад

Дар матни номааш раиси ташкилот ба вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода барои нақш гузоштан дар ҳифз ва рушди анъанаҳои милливу фарҳангии халқи тоҷик дар кишвари Красноярск миннатдорӣ баён намудааст.