Меғ, барф ва борон: обуҳавои имрӯз дар Тоҷикистон

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе аз ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борону барф дар назар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе  ҳаво тағйирёбандаи  бебориш мешавад. Фаромадани меғ эҳтимол дорад.  Ҳаво шабона 1+3 ва  рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ бошад ҳаво  қисман абрнок шуда, танҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти сусти борон ва барф дар назар аст. Дар ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  ва рӯзона 9+14  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 ва дар баъзе ноҳияҳо то 8-10  дараҷа хунук ва  рӯзона аз 1  дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  мешавад.

Барфу борон: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Дар ҳамин ҳол, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боришоти сусти борон ва барф дар назар аст.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 ва дар баъзе ноҳияҳо то 8-10 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа     гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 14-19 ва рӯзона  5-10 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, танҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борону барф ба амал меояд.  Дар  баъзе ноҳияҳо туман мефароядҲаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук  ва   рӯзона   аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда мешавад. Дар  ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ боришоти сусти борон ва барф пешгӯӣ мешавад.   Дар  баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Ҳаво дар водиҳо ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм   ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.