Чин дар Хатлон боғи намунавии себи чинӣ бунёд мекунад

Гу Сюанхун, котиби генералии Ассосиатсияи халқии дӯстӣ бо кишварҳои хориҷии музофоти Шэнсӣ ба роҳбарияти вилояти Хатлон лоиҳаи бунёди боғи намунавӣ-таҷрибавии себи чиниро муаррифӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Ахиран зимни мулоқоти раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва Гу Сюанхун, котиби генералии Ассосиатсияи халқии дӯстӣ бо кишварҳои хориҷии музофоти Шэнсӣ лоиҳаи бунёди боғи намунавӣ-таҷрибавии себи чиниро муаррифӣ гардид, ки ки қарор аст дар ояндаи наздик дар ҳудуди вилояти Хатлон амалӣ бунёд гардад.

“Амонатбонк” боз аз Бонки давлатии рушди Чин 60 миллион юани чинӣ қарз мегирад

Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон зимни мулоқот зикр гардидааст, ки лоиҳаи мазкур на танҳо бунёди боғи намунавӣ, балки воридоти техникаи муосири кишоварзӣ, ба роҳ мондани омӯзишҳо дар самти кишоварзию боғдорӣ, бунёди сардхона барои нигоҳдории то 2 ҳазор тонна мевагӣ ва ғайраро пешбинӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол дар чаҳорчуби мулоқот раиси вилояти Хатлон ба ҳайати музофоти Шэнсӣ аз имтиёзҳои давлатӣ, шароити табиӣ, иқлим, заминҳои кишоварзӣ маълумот дода, изҳори мусоидати ҳамаҷониба барои татбиқи лоиҳаи мазкур намуд.

Ҳамзамон тарафҳо зимни мулоқот доир ба масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла боғпарварӣ, ташкили маркази таҷрибаомӯзӣ, баланд бардоштани дараҷаи тахассусии кормандони соҳаи хоҷагии қишлоқ ва ҳамчунин ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷонибаи судманд байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ҳукумати музофоти Шэнсӣ табодули назар карданд.