Абдуллоҳ Абдуллоҳ пирӯзии Ашраф Ғанӣ дар интихоботи раёсатҷумҳуриро рад кард

Ситоди интихоботии "Субот ва ҳамгироӣ" ба раёсати Абдуллоҳ Абдуллоҳ, натоиҷи эъломшуда аз сӯи Комиссия интихоботи Афғонистонро рад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Бино бар иттилои хабаргузории “Parstoday” cитоди "Субот ва ҳамгироӣ" рӯзи,  якшанбеи гузашта дар як баёнияе қайд кард, эъломи натоиҷи аввалияи интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон ва пирӯзии Ашраф Ғанӣ аз сӯи Комиссияи мустақили интихобот ғайриқонунӣ аст ва пазируфтанӣ нест.

Натиҷаҳои ибтидоии интихоботи Афғонистон имрӯз ё фардо эълон мегардад

Ин ситод Комиссияи интихоботи Афғонистонро ба даст доштан дар тақаллуб ва шумориши раъй муттаҳам ва таъкид кард, ситоди интихоботии "Субот ва ҳамгироӣ" аз раъйҳои поки мардуми Афғонистон дифоъ мекунад ва аз ҳама абзорҳои машрӯъ ва қонунӣ дар ин замина истифода хоҳад кард.

Бар асоси охирин гузоришҳо, раиси Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон субҳи имрӯз, якшанбе дар нишасти хабарӣ дар Кобул эълом кард, раисҷумҳури Афғонистон бо касби 50, 64 дарсади раъйҳо, аксарияти раъйҳои интихоботи раёсатҷумҳуриро аз они худ кард.

Раванди бозшумории бахше аз орои интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон аз 9 ноябр дар 34 вилояти ин кишвар оғоз шуд аммо пас аз мухолифати бархе аз ситодҳои интихоботӣ, мутавақиф шуд.

Ин раванд бори дигар аз 17 ноябр аз сар гирифта шуд ва пас аз муддате дар 27 вилояти Афғонистон ба поён расид, аммо ҳомиёни ситоди Субот ва ҳамгароӣ ба раёсати Абдуллоҳ Абдуллоҳ, монеъи бозшумории оро дар ҳафт вилоят шуданд.

Камиссияи интихоботи Афғонистон, қарор буд натиҷаҳои ибтидоии раёсати ҷумҳурии ин кишварро  19 ноябр эълом кунад аммо ба далели мушкилоте борҳо ба таъвиқ афтодааст.