Эълони натиҷаҳо: Абдуллоҳ аз Ғанӣ 11 дарсад камтар овоз гирифтаст

Комиссияи мустақили интихоботии Афғонистон бар пояи натоиҷи ибтидоӣ Ашраф Ғаниро бо 50,6 дарсади оро барандаи интихоботи раёсатҷумҳур эълон кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Ба гузориши расонаҳо, Абдуллоҳ Абдуллоҳ ин натиҷаро қабул надорад ва дар изҳороте таъкид намудааст, ки натоиҷи аввалия тақаллубӣ ва қобили қабул набуда, ситоди ӯ аз овозҳои ҷонибдоронаш ҳимоят хоҳад кард. Абдуллоҳ Абдуллоҳ бар асоси эълони Комиссияи интихоботӣ бо 39,5 дарсади оро дар мақоми дуюм қарор дорад.  

Ҳушдори Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба комиссияи интихоботи Афғонистон

Раванди бозшумории бархше аз орои интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон аз 9 ноябр дар 34 вилояти ин кишвар оғоз шуд аммо пас аз мухолифати бархе аз ситодҳои интихоботӣ, мутавақиф шуд.

Ин раванд бори дигар аз 17 ноябр аз сар гирифта шуд ва пас аз муддате дар 27 вилояти Афғонистон ба поён расид, аммо ҳомиёни ситоди Субот ва ҳамгароӣ ба раёсати Абдуллоҳ Абдуллоҳ, монеъи бозшумории оро дар ҳафт вилоят шуданд.

Комиссияи интихоботи Афғонистон, қарор буд натиҷаҳои ибтидоии раёсати ҷумҳурии ин кишварро  19 ноябр эълом кунад аммо ба далели мушкилоте борҳо ба таъхир гузошта шуд.