ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Бар тибқи гузориши Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД дар вилояти Суғд, Суди шаҳри Хуҷанд ахиран дар як маҷлиси ошкорои судӣ кирдори айбдоршаванда Турсунбоев Турсунбой Дадаҷонович, сокини 35 солаи ҷамоати деҳоти “Гулхона” и ноҳияи Ҷаббор Расуловро баррасӣ намуда, бар асоси ду моддаи асноди ҷиноӣ 244 (дуздӣ) ва 339 (тасарруф ё вайрон кардани ҳуҷҷат) нисбати судшаванда се сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин кардааст.
“Ин сокини 35 солаи ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ҳоле аз ҷониби суд ҷазо дода мешавад, ки санаи 29-уми октябри соли ҷорӣ бо мақсади дуздӣ ба ҳавлии № 62, воқеъ дар кӯчаи Камоли Хуҷандӣ дар маркази вилояти Суғд ғайриқонунӣ тавассути девор ворид гашта, аз ҳуҷраи хоб либосҳои гуногунии мардона, шиносномаи техникии ҳавлӣ ва 3 адад гувоҳномаҳои рақами мушххаси андозсупорандаи соҳибхонаҳоро дидаву дониста, ки ин ҳуҷҷатҳо аслӣ ва ба категорияҳои ҳуҷҷатҳои шахсии шаҳрванд ба ҳисоб мераванд, пинҳонӣ тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст”, омадааст дар гузориши сухунгӯи РВКД Суғд.
Дар доираи чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ далелҳоеро дарёфт карда ва дар ихтиёри тафтишот гузоштаанд, ки даст доштани Турсунбой дар ин ҳодиса собит шудааст.
Суди шаҳри Хуҷанд низ дар асоси далелҳои ҷамъовардаи мақомоти тафтишотӣ, ки гуноҳи судшавандаро исбот мекард, якеро паи ҳам ба баррасӣ гузошта, нисбати Турсунбоев Турсунбой Дадоҷонович, сокини ҷамоати деҳоти “Гулхона” и ноҳияи Ҷаббор Расулов бо моддаҳои 244, қисми 2, бандҳои “а” ва “г” ва моддаи 339 қисми “д” и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 3 сол бо адо намудани иҷрои он дар калонияи низомаш сахт таъин намудааст.
Бино ба иттилоъи манбаъ судшаванда Турсунбоев, қаблан низ чор маротиба барои содир намудани ҷинояти дуздӣ доғи судӣ гирифтааст.