Сайди занони сатрпӯш дар Душанбе: даҳҳо занон боздошт гардиданд

Дар Душанбе аз ҷониби кормандони пулис даҳҳо занони сатрпӯш боздошт гардиданд ва намояндагони Кумитаи кор бо занон бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Дар Душанбе зимни як рейди кормандони пулис даҳҳо занони сатрпӯш дастгир гардиданд, хабар медиҳад сомонаи ТоҷикТа.

Дар Нидерландия минбаъд барои пӯшидани ниқоб 150 евро ҷарима мекунанд

Ба иттилои манбаъ, занони сатрпӯшро кормандони пулис дар ҳамдастӣ бо намояндагони Кумитаи кор  бо занони назди ҳукумати Тоҷикистон боздошт ва ба идораи пулис ба хотири гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, оварданд.

Сухангӯи  Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ дар робита ба ин ҳаводис изҳор намудаст, ки занони сатрпӯшро кормандони пулис на  боздошт, балки ба хотири гузарондани сӯҳбатҳои муфиди фаҳмондадиҳӣ  ба идораи пулис оварданд.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон давоми чанд сол сайди занони сатрпӯш давом дорад ва пӯшидани он дар макотибу  донишгоҳ, идораҳои давлатӣ ва ҳамзамон ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ карда шудаст. Вале аксари занони тоҷик сатрро ба бар мекунанд ва мегӯянд чун мусалмон ҳастанд, пӯшидани онро фарз мешуморанд.

Бархурди рақибон ба футболбозе, ки ҳиҷоб аз сараш поён шуд ҳамаро ҳайратзада кард - навор

Онҳо аз тарзи  бархӯрди кунди ҳукуматдорон ба  либоспӯшӣ ва сатрбандии худ шадидан изҳори нигаронӣ  мекунанд.

Аммо мақомдорони тоҷик мегӯянд, ки чунин шеваи либоспӯшӣ хоси занони тоҷик набуда, як намуди тақлид ба либоси аҷнабиён аст.