Меғ мефарояд: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе то
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Ба иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона  7-12 дараҷа хунук мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Барфу борон: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи  бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол  аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7-12 дараҷа хунук  ва   рӯзона   аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбанда  бебориш дар назар аст. Дар  баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ  бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм   ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа гарм  ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи  бебориш дар назар аст.  Дар ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона 8+13  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7-12 дараҷа хунук ва  рӯзона аз 3  дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе  ҳаво тағйирёбандаи  бебориш шуда, туман мефарояд.  Шамол аз самти  ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 0+2 ва  рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад.