ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон Раҷабова Нилуфар 14 декабри соли равон дар кӯчаи Карамоваи шаҳри Душанбе ба шаҳрванд Раъно Абдуллоева суханони кабеҳи таққиромез зада, ҳуқуқвайронкунии дар моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст ва Раъно Абдуллоева маҷбур шудааст доир ба ҳолати мазкур ба кормандони милитсия дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муроҷиат намояд.
Бояд гуфт, ки Раъно Абдуллоева, мудири шуъбаи занон ва оилаи ҳукумати ноҳияи Сино мебошад.
Ҳамчунин ВКД Тоҷикистон зикр намудааст, ки кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино оид ба ҳолати мазкур маводҳои заруриро омода намуда, барои моҳиятан дида баромадан ба Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ирсол намуданд.
“Рӯзи 18 октябри соли 2019 суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шаҳрванд Раҷабова Н.Р.-ро бо моддаи 460 КҲМ ҶТ гунаҳгор дониста нисбаташ ҷарима ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 550 сомонӣ таъин намуд. Раҷабова Н.Р. ба гуноҳаш пурра иқрор шуда, маблағи номбурдаро ихтиёран супорид”, - таъкид доштааст ВКД.
Ҳамзамон масъулини ВКД қайд намуданд, ки падари Раҷабова Нилуфар шаҳрванд Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб барои содир намудани ҷиноятҳои моддаҳои 179 қисми 3 (терроризм), 187 қисми 1 (ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ), 189 (барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ ва динӣ) ва 313 (исёни мусаллаҳона) КҶ Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, ба мӯҳлати 28 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст.
Ҳамчунин бародараш Шуҳрати Раҳматулло низ барои содир намудани ҷинояти дар моддаҳои 187 қисми 2 (ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ), 189 қисми 3 (барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ ва динӣ) ва 307 (Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти ифротгароӣ) КҶ Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дорад.
Ёдрас мешавем, ки Нилуфар Раҷабова, духтари Раҳматуллои Раҷаб, узви зиндонии ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом ва хоҳари Шуҳрати Раҳматулло, як журналисти тоҷики муқими Аврупо қаблан шикоят карда буд, ки рӯзи шанбеи 14 декабр, ӯ ва 4 зани дигари ҳиҷобпӯшро мақомот аз роҳ дошта, ба ШВКД-2-и ноҳияи Сино бурдаанд ва вай дар онҷо дар тӯли чандин соат таҳти таҳқиру азият қарораш додаанд.