Ҷаримаи модар барои хатнатӯйи ғайриқонунии писараш

Додгоҳ Мавзуна Очилдиева, сокини шаҳри Турсунзодаро барои нақзи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба андозаи 5 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима бастааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, Мавзуна Очилдиева, сокини ҷамоати Қаратоғ, деҳаи Даҳбед, меъёри қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро ҳангоми гузарондани хатнатӯйи писараш нақз кардааст.

“Ҷои тааҷҷуб нест”: раиси Суди олӣ гуфт, туҳфаҳои қимат дар пойгаю бузкашӣ пешниҳоди ӯ буд

Додситонӣ таъкид кард, ки бар асоси қонун гузаронидани хатнасур ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон иҷозат аст. Аммо Очилдиева хилофи қонун, 3 июли соли 2019 дар ҳавлияш бо ҷалби санъаткорон ва иштироки зиёда аз 50 нафар хатнатӯйи писарашро бо додани таом аз соати 19:30 то 21:00 гузарондаст.

Додситони шаҳри Турсунзода, аз рӯи ҳодисаи мазкур, бар асоси моддаи 481 кисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҷумҳурӣ парванда боз карда, ба додгоҳ фиристодаст.

Додгоҳ шаҳрванд Очилдиеваро барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии мазкур ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, муодили 5500 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима баст.