Қабули ҷазои нав барои интиқоли нодурусти пул: мусодира мешавад

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири парлумон меъёри нави қонунгузориро муаррифӣ кард, ки бар асоси он пуле, ки нодурусту ғайриқонунӣ интиқол дода мешавад, метавонад мусодира гардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Ҳамидулло Машрабзода, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон, меъёри навро дар парлумон муаррифӣ кард, ки бар асоси он асъоре, ки ғайриқонунӣ интиқол дода мешавад, метавонад мусодира гардад.

БМТ ба муҳоҷирон: маблағҳои ирсолкарда тавассути низоми “Золотая корона”-ро бозпас гиред

Машрабзода ба намояндагони мардумӣ гуфт, ба қисми 4 моддаи 578-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйиру илова ворид гардидааст, ки тибқи он барои эъломия накардан ё нодуруст эъломия кардани интиқоли асъори хориҷӣ, асъори миллӣ ё воситаҳои гардони интиқолшаванда аз сарҳади гумрукии Тоҷикистон, мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешбинӣ мегардад.

"Хавфи сиёсӣ". Сӯҳбати ихтисосӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон – қисмати аввал

Ноиби раиси Бонки миллӣ тавзеҳ дод, ки чун мусодираи ашё - олот ё объекти бевоситаи ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби суд таъин мегардад, минбаъд баррасии  қисми 4 моддаи 578 низ ба салоҳияти додгоҳ гузошта мешавад.

"Хавфи сиёсӣ". Сӯҳбати ихтисосӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон – қисмати аввал

Бар асоси тағйироти ҷадид ҷаримабандиҳо низ барои интиқоли ғайриқонунии пул ба маротиб афзоиш ёфтаанд.

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, лоиҳаи қонуни мазкур, ки аз ҷониби парлумон ахиран қабул гардид, ба тақвияти низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мусоидат менамояд.

Пурзӯр кардани ҷазо барои интиқоли нодурусти пул тариқи сарҳади гумрукии Тоҷикистон дар ҳолест, ки ахиран мардуми кишвар зимни интиқоли пул тариқи низомҳои бонкӣ дучори мушкил шуданд.