Тафсилоти ВУД: куштори ҳамсар аз сӯи шавҳар барои майнӯшӣ

Абдумавлон Холматов, сокини ноҳияи Б. Ғафуров, баъди пай бурдани он, ки ҳамсараш Мавҷудаи 53 сола дар хона май нӯшидааст, бо дастонаш ӯро буғӣ карда ба ҳалокат расонидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Акбар Шарифӣ, котиби матбуоти РВКД вилояти Суғд дар барномаи вижаи телевизионии “Милитсия хабар медиҳад” дар бораи ин ҳодисаи куштор дар ноҳияи Б. Ғафуров гузориш додааст.

Бар пояи иттилои РВКД Суғд, ин ҳодиса, рӯзи 6-уми декабр дар ҷамоати ба номи Исмоил Ҳамзаалиеви ноҳияи Б. Ғафуров воқеъ дар деҳаи Сомғор тавре рух додааст, ки шаҳрванд Холматов Абдумавлон Ҷумъаевич, соли таваллудаш 1966 дар ҳавлии истиқоматиаш, кӯчаи № 73, модари фарзандони худ Мавҷуда Холматоваи 53 соларо бо роҳи буғӣ кардан аз ҳаёт маҳрум намудааст.

Барномаи “Милитсия хабар медиҳад” аз ҷараёни тафтишот аз Абдумавлон ба сифати гумонбар, сабаби даст ба чунин ҳодисаи мудҳиш заданашро пурсидааст.

"Хона омадам, дидам, ки занам нушидагӣ буд. Чаро нушидӣ гуфта, аввал ӯро теле кардам, ки ба замин афтод, баъд аз гулӯяш қапидам", гуфтааст Абдумавлон.

Бино ба гузориши Акбар Шарифӣ мақомоти тафтишотӣ дар робита ба ин ҳодиса далелҳоеро ҷамъоварӣ намудааст, ки муносибати оиладории ин хонавода дар ноҳияи Б. Ғафуров то ин замон ҳам хуб набуда, балки борҳо миёни зану шавҳар муноқишае сар задааст.

Зиндон ислоҳ накард: шахси маҳкумшуда дубора барои куштор дастгир шуд

Дар пайи рухдоди ин ҳодисаи тақдиршикан, куштори ҳамсар аз ҷониби шавҳар дар деҳаи Сомғори ноҳияи Б. Ғафуров, аз сӯи мақомот бар тибқи моддаи 104 (куштор) парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.