Гулрухсор Сафиева 72 сола шуд

Шоири саршиноси тоҷик, шоири мардумии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева имрӯз, 17 декабри соли 2019, 72-сола шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Шоир, нависанда, рӯзноманигор, тарҷумон ва фаъоли ҷомеа Гулрухсор Сафиева рӯзи 17 декабр 72-солгарди зодрӯзшро таҷлил мекунад.

Гулрухсор Сафиева дар поёни солҳои 90-уми асри гузашта яке аз фаъолони сиёсӣ ва мадании Тоҷикистон ба шумор мерафт ва шеъри ӯ дар кишвар, ҳатто берун аз он ҳаводорони зиёд дошт.

Гулрухсор: ҳар як фарди тоҷик бояд китоби Айниро дошта бошад

Пас аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ аз Тоҷикистон барои муддате берун рафт ва дар аввоили соли 1996 ба Ватан баргашт.

Дар ҳоли ҳозир, Гулрухсор  раиси Фарҳангистони байналмилалии Шеъри ҷаҳон мебошад.

Ӯ Шоири халқии Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи давлатии Рӯдакӣ дар бахши адабиёт ҳаст. 

Зиндагиномаи Гулрухсор Сафиева

Гулрухсор Сафиева 17 декабри соли 1947 дар деҳаи Яхчи ноҳияи Нурободи водии Рашт ба дунё омадааст.

Соли 1968 факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ба ҳайси мухбири рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" (1968-1969), мудири бахши фарҳанг ва матбуоти Кумитаи марказии Комсомоли ленинии ҶШС Тоҷикистон (1969-1970), сармуҳаррири рӯзномаи "Пионери Тоҷикистон" ва маҷаллаи "Машъал" (1970-1972), сармуҳаррири рӯзномаи "Пионери Тоҷикистон" (1970-1981) кор кардааст.

Гулрухсор солҳои 1987-1993 раиси Бунёди фарҳанги Тоҷикистон буд.

Ӯ Котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Узви Асотсиатсияи нависандагони Осиё ва Африко, Раиси Хазинаи байналмилалии фарҳанги Тоҷикистон, Вакили Совети Олии СССР (1989-1991). Президенти Академияи байналмилалии фарҳанги ЕвроОсиё (1994 — 2004, Русия) буд.

Гулрухсор Сафиева, Камол Насрулло ва Гурез Сафар барандаи озмуни “Китоби сол-2018” шуданд

Эҷодиёти Гулрухсор Сафиева

Асарҳои Гулрухсор Сафиева ба забонҳои гуногуни мамолики ҷаҳон нашр шудааст.

Ӯ нахустин нависандаи роман дар бораи зани тоҷик, дар Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон мебошад.

Зан агар оташ намешуд: шаш бонуе, ки номашон фаротар аз Тоҷикистон рафтааст

Аввалин шеъраш "Баҳор" 1962 унвон дошт.

Шеъри ин шоираи наврас "Тоҷикистон" дар рӯзномаи ноҳиявии Ғарм "Қаротегини советӣ" нашр шуд.

Аввалин маҷмӯаи шеъриаш "Бунафша" соли 1970 ба дасти мухлисонаш расид.

Ин маҷмӯа аз шоири ҷавону ояндадор будани Гулрухсор ба ворисони шеъри ноб мужда медод.

Ба дунбол китобҳои "Хонаи падар"(1973), "Шабдарав" (1975),"Афсонаи кӯҳӣ" (1975), "Дунёи дил" (1977), "Ихлос" (1980), "Оташи Суғд" (1981), "Гаҳвораи сабз" (1984), "Сипар" (1984) "Оинаи рӯз" (1984), "Шабнам"(1986), "Рӯҳи Бохтар" (1987), "Қасидаи кӯҳистон" (1988), "Тахти сангин" (1992), "Зодрӯзи дард"  (1995), "Дар паноҳи сояи худ" (1998), "Рӯзномаи берӯз" (2000), "Зан ва ҷанг" (2000, 2004, 2013), "Девон" (2004), "Биҳишти хобҳо" (2004), "Девон" (2006), "Сад барги ғазал" (2007), "Ҷовидона" (2009) "Шӯъла дар санг" 2011, "Таронаи Ватан" 2012, ба нашр расиданд.