Дар Ҳисор сокини Душанбе ҷавони 20 - солаи маҳаллиро бе ягон асос корд зад

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як ҳодисаи авбошии сокини пойтахт хабар медиҳад, ки дар ҳолати мастӣ сокини ноҳияи Ҳисорро корд задаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Ҳодисаи мазкур рӯзи 16 - уми декабри соли ҷорӣ, тахминан соати 14:00 дақиқа дар шаҳри Ҳисор рух додаст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Дар Шаҳритуз ҷавони 23 сола падари масташро корд зад

Ба иттилои манбаъ, ба Шӯъбаи умури дохилӣ дар шаҳри Ҳисор, сокини маҳаллӣ муроҷиат намудаст, ки ӯро бе ягон асос сокини пойтахт корд задаст.

Ба изҳори вай, дар кӯчаи Исмоили Сомонии ҳамин шаҳр марди 45-солаи сокини кӯчаи Берунӣ, дар ҳолати мастӣ бе ягон асос бо корд ба узвҳои баданаш зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.

Феълан крмандони пулис аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот мебаранд.

ВУД тафсилоти ҳабси ҷавоне, ки се донишҷӯи Донишгоҳи тиббиро корд зад нашр намуд

Ёдовар мешавем, ки қаблан кормандони милитсия як сокини 23- солаи ноҳияи Шаҳритузро дастгир намуданд, ки дар суиқасд ба ҷони падари худ гумонбар дониста мешуд.

Милитсия нафаре, ки марди 57-соларо дар бозори “Ҳоҷи-Қудратулло” корд зад, боздошт кард

Ҳодисаи мазкур рӯзи 1- уми декабр, тахминан соати 15:00 дар деҳаи Холматови ноҳияи мазкур рух додаст.

Гуфта мешавад, падари хонавода, марди 54 - сола, ки ҳамон рӯз дар ҳолати мастӣ ба хона баргаштаст бо фарзанди худ муноқиша намудаст.

Дар натиҷаи ҷангу ҷанҷол, писари 23 - сола бо корд 1 маротиба ба шиками падараш задааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, ҷабридида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.