ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Шаҳриёр Саъдуллозода муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими ин муассисаи олӣ таъйин шуд, иттилоъ додааст сомонаи рӯзномаи “Тоҷикистон”.
Бино бар иттилои манбаъ, номбурда дар ин вазифа Раҳимҷон Саидзодаро, ки қаблан директори филиали Донишгоҳи миллии тадқиқоти технологии Маскав дар шаҳри Душанбе (МИСиС) таъйин гардида буд, иваз кард.
Тибқи иттилои манбаъ, Шаҳриёр Саъдуллозода, номзади илмҳои техникӣ мебошад ва то ин замон мудири шуъбаи равобити байналмилалии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро бар зимма дошт.
Ёдрас мешавем, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таърихи беш аз 60-сола дошта, яке аз муассисаҳои олии бонуфузи кишвар дар омода намудани мутахассисони соҳаи техникӣ, маркази пешбари тадқиқотҳои илмӣ, навовариву ихтироъкорӣ маҳсуб меёбад.