Содироти 16 ҳазор тонна ангишт ба Узбакистон ва Покистон

Вазорати саноат ва технологиҳои нави Тоҷикистон дар гузориши ахири худ эълон намудааст, ки тавлиди ангишт дар кишвар ба як миллиону 930 ҳазор тонна расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати саноат ва технологиҳои нави Тоҷикистон, давоми соли равон тавлиди ангишт дар кишвар наздик ба ду миллион тонна расидааст.

МГБ – 2 шаҳри Душанбе аз ширкатҳои истихроҷи ангишт беш аз 113 млн. сомонӣ қарздор шуд

Тибқи иттилои манбаъ,  дар соли 2018 дар Тоҷикистон як миллиону 900 ҳазор тонна ангишт тавлид шуда буд, ки дар таърихи ин кишвар рекорд ба ҳисоб меомад.

Гуфта шудааст, ки 45,7 дарсад аз як миллиону 930 ҳазор тонна ангишт тавлид шуда дар ёзда моҳи гузашта мутааллиқ ба кони Фон-Яғноб дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд аст.

Дар ин муддат 16 ҳазор тонна ангишт ба Узбакистон ва Покистон содир шудааст.

Аз сӯи дигар Вазорати саноат ва технологиҳои навини Тоҷикистон эълом кардааст, ки қарзи ширкати давлатии Барқи тоҷик ба кони Фон-Яғноб дар ин муддат ба беш аз 81 миллион сомонӣ расидааст.

Захираҳои шиносоишуда дар 21 кони ангишти Тоҷикистон беш аз 3 миллиард тонна тахмин зада шудааст.