ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Бонки миллии Тоҷикистон, дар озмун хоҳишмандоне, ки дорои маълумоти олии иқтисодӣ мебошанд, метавонанд ширкат кунанд.
Бино ба гузориши ин ниҳод, озмун барои ишғоли панҷ вазифа: мутахассиси дараҷаи I шуъбаи таҳлил ва рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ (2ҷой), мутахассиси дараҷаи I шуъбаи таҳлилу тадқиқот (шартномавӣ) (2ҷой) ва мутахассиси дараҷаи I шуъбаи ҳамкории байналмилалӣ (шартномавӣ) (1 ҷой), эълом шудааст.
Барои ҳамаи довталабон барои дарёфти панҷ ҷои кор донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳатмӣ буда, донистани забони англисӣ афзалият дорад.
Аз довталабон ҳамчунин доштани малакаи корбурд бо компютер ва таҷрибаи корӣ дар бонк ва донистани қонунгузории Тоҷикистон талаб мешавад.
Манбаъ меафзояд, ки мӯҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо 25 декабри соли 2019 мебошад.
Маълумоти бештарро дар бораи шартҳои озмун ва номгӯи ҳуҷҷатҳо дар торномаи бонк дарёфт карда метавонед.