Аброр Назаров дар бораи намоҳанги нав, дуои падар ва шеъри Лоиқ гуфт- видео

Аброр Назаров овозхони шинохтаи тоҷик ва писари маэстро Далер Назаров ахиран намоҳанги нави худро нашр карду аз сабти клипи ҷадид хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Аброр Назаров рӯзи 13 декабр намоҳанги ҷадиди худро ба суруди "Бе нигоҳи ту" дар саҳифааш дар Youtube нашр кард.

Дар ин бора Аброр Назаров ба Sputnik Тоҷикистон хабар дода, гуфт ин намоҳангро ҳамроҳи дӯстон тобистони соли 2019 дар Черногория сабт кардааст ва он барои шод кардани дили мухлисон сабт шудааст.

"Суруди "Бе нигоҳи ту" - ро ба касе набахшидаам, ин намоҳанг ба хотири болида кардани хотири мухлисон сабт шудааст", - гуфт Аброр Назаров.

Намехоҳам фарзандонам ҳунарпеша шаванд: Аброр Назаров

Матни суруди "Бе нигоҳи ту" - ро худи Аброр навишта оҳангашро Парвиз Назаров эҷод кардааст. Намоҳанги суруди "Бе нигоҳи ту" аз ҷониби наворбардор Михаил Петренко сабт шуда онро Маҳмуд Алиев ва Азамат Ҳусейн танзим кардаанд. Овозхон барои сатби клип ба Exodus social Club ва Андрей Любалин изҳори сипос кардааст.

Ба гуфти Аброр Назаров намоҳанги суруди "Бе нигоҳи ту" ба падараш ҳунарманди номдор Далер Назаров низ писанд омадааст ва ӯ барои сабти намоҳанги ҷадид, ки ба зудӣ дар шаҳри Душанбе оғоз мешавад, ба писараш дуо додааст.

Аброр Назаров: на ҳар касе метавонад роҳи Далер Назаровро биравад

"Феълан ман ба сабти суруд ва намоҳанги тоза - "Бо ту будам як шабе дар боғи гулҳо то саҳар", ки ба қалами шоири шаҳир Лоиқ Шералӣ тааллуқ дорад машғул ҳастам. Метавон гуфт, ки ин суруд кори бузургтарини ман дар фаъолияти ҳунариам хоҳад буд. Падарам ҳам ин шеърро бисёр дӯст дошт ва ба ман дуо дод", - гуфт Аброр дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.