Шабнами Сурайё бемор шудааст: расонаҳо

Шоми 12-уми декабр дар тарабхонаи зебову барҳавои “Яккасарой” базми солинавии ситораҳои санъати тоҷик бо унвони “Ситорарези Дай” баргузор гардид.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Ташкилкунандагони ин чорабинии бошукӯҳ, ровии шинохта Раҷ Аҳмад ва продюсери машҳур Диловари Мизроб бо чеҳраи кушодаву лабони пуртабассум меҳмонони гиромиро истиқбол гирифта, хайрамақдам гуфтанд, менависад рӯзномаи "Оила".

Оббозӣ ва рақси Фарзонаю Шабнам дар "Порис" - и Тоҷикистон - аксу видео

Бино ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, машҳуртарин санъаткорону ровиён ва ҳаҷвнигорону журналистон дар ин базми идона ҷамъ омада, ҳамдигарро бо омад-омади соли нави мелодӣ муборакбод мегуфтанд ва бо як ҷаҳон муҳаббату самимият ширинтарин хотироти худро аз соли 2019 қисса мекарданд.

Ҳунармандони ҷавону овозадори тоҷик Ҳайётой Муъминова, Ситораи Кароматулло, Нигора Холова , Суруш Холов, Меҳрнигори Рустам, Нишонаи Рустам, Беҳрӯз Зеваров, Шаҳнози Рустам, Раҳмия Аюбӣ, Мадина Ақназарова, Қурбон Алиев, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Фотима Машрабова, Рустам Азимӣ,  Сафармуҳаммади Рустам ва дигарон бо таронаҳои марғуби ошиқонаашон ин базми ошиқонаву орифонаро тарабобод намуданд.

Бисёриҳо интизор буданд, ки ситораи “№1-и эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё чун ҳамешагӣ гули сари сабади ин базми идона хоҳад гашт, аммо Шабнам ва хоҳараш Фарзонаи Хуршед ба маҳфил наомаданд.

Сурайё Қосимова ба базми “Ситорарези дай” танҳо омада, бо як таронаи хеле дилнишин хотири ҳозиринро шод гардонд.

Дар поёни баромадаш примадонна Сурайё Қосимова барои иштирок накардани духтаронаш дар маҳфили солинавии ситораҳои санъат узр хоста, аз иштирок накардани духтаронаш ба рӯзноманигорон гуфт, ки Шабнам бемор аст. 

Фарзонаи Хуршед аз рӯйи гуфти модараш дар сари болини хоҳарбузургаш буда, Шабнами беморро парасторӣ менамояд.