Барои мардуми "Хитой қишлоқ" ва "Гулхона" марказҳои саломатӣ ифтитоҳ карданд

Аз ҷониби тандурустии Тоҷикистон тавассути Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» дар вилояти Суғд, бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ ду Маркази саломатии деҳот мавриди истифода қарор гирифт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Маркази саломатии  “Хитой қишлоқ” ба маблағи 1 млн. 465 ҳазору 698 сомонӣ аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ «САИМО» анҷом дода шуда, илова бар ин аз тарафи сохтмончиён барои таъмин намудани марказ бо қувваи барқ ва оби нӯшокӣ 1 адад трансформатори 100Квт насб карда шуда, 1 адад чоҳи амудӣ аз таъмири капиталӣ бароварда шуд. Ҳамчунин, дар маркази мазкур батареяҳои офтобии монокресталии 5 Кват ба маблағи 269 ҳазору 500 сомонӣ насб карда шуд.

Саломат бошед: дар шаҳри Конибодом маркази саломатӣ ифтитоҳ шуд

Бо ифтитоҳи Маркази саломатии мазкур, 2991 нафар аҳолии ҷамоати деҳоти “Хитой қишлоқ” дар масофаи 5 км ҳудуди маркази ноҳия ва деҳот аз хизматрасонии тиббию санитарии муассисаи тиббии  номбурда бархурдор мегарданд.

Дар Маркази саломатӣ дар маҷмӯъ 11 нафар кормандон, аз ҷумла 3 нафар табиб, 6 нафар корманди миёнаи тиб ва 2 нафар корманди хурди тиббӣ бо  кор таъмин карда шуданд.

Маркази саломатии деҳоти “Гулхона” ба маблағи 1 млн. 329 ҳазору 77 сомонӣ аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ «Фаррухрӯз-1» анҷом дода шуда, барои таъмин намудани марказ бо қувваи барқ ва оби нӯшокӣ 1 адад трансформатори 100Квт насб карда шуд, 1 адад чоҳи амудӣ кофта ба истифода дода шуд. Инчунин, зиёда аз 500 метри квадрати роҳи даромади маркази зерин низ мумфарш карда шудааст.

Бо ифтитоҳи Маркази саломатии мазкур 9399 нафар аҳолии ҷамоати деҳоти “Гулхона”дар масофаи 5 км ҳудуди маркази ноҳия ва деҳот аз хизматрасонии тиббию санитарии муассисаи тиббии  номбурда бархӯрдор мегарданд.

Маркази саломатӣ дар маҷмӯъ имкон дод, ки 11 нафар кормандон, аз ҷумла 1 нафар табиб, 9 нафар корманди миёнаи тиб ва 1 нафар корманди хурди тиб бо кори доимӣ таъмин карда шаванд.

Марказҳои саломатии мазкур  тибқи як нақша бунёд ёфта,  аз 7 ҳуҷра иборат буда, аз ҳуҷраҳои бақайдгирӣ, тибби оилавӣ, момодоя,  иммунизатсия, хатна, доругузаронӣ ва  таҳлилгоҳ иборат мебошанд.

Ин марказҳо ҳамчунин бо 85 номгӯ таҷҳизотҳои тиббӣ, 7 номгӯ дастгоҳҳои хунуккунӣ (холодовая цепь для хранения вакцин) аз ҷумла : яхдон барои нигоҳкунии ваксинаҳо, зарф барои интиқоли ваксинаҳо, зарф барои ях, ҳароратсанҷ, яхдон барои ях намудани зарфҳои ях, тасбитгари автоматикӣ, ҷуздон ва ғайра таҷҳизонида шудаанд.

Ҳамзамон, марказҳои номбурда бо 24 номгуй мебелҳои тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Фаъолияти муассисаҳои мазкур имконият медиҳад, ки аҳолӣ барои дарёфти кӯмаки заминавӣ ва инчунин хизматрасониҳои муосири тиббӣ ба маркази вилоят ва пойтахти кишвар муроҷиат накарда, дар шароити ноҳия аз чунин хизматрасониҳо бархӯрдор шуда, сатҳ ва сифати саломатии хешро беҳтар намоянд.

Вазири мудофиа аз ҳисоби худ дар деҳа Маркази саломатӣ сохту мошин туҳфа кард (АКС)

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд аз соли 2015 Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ амалӣ гардида истодааст.

Аз соли 2015 то ба ҳол аз тарафи Лоиҳа ба муассисаҳои шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия ба маблағи 6 млн. 362 ҳазору 29  сомонӣ ворид гаштааст, ки 70%-и он барои пардохти музди маоши иловагии кормандони тиб ва 30%-и маблағҳо барои рушди инфрасохтор сарф гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки дар ин давра  аз ҳисоби маблағҳои бонуси (30%), ки барои рушди инфрасохтори КАТС-и  ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷудо гардидааст, дар 10 марказҳои саломатӣ ва 18 хонаҳои саломатӣ таъмири бино, ҳуҷраҳо, гузаронидани хатҳои оби гарм ва хунук ва ташноб, инчунин, васл намудани дастгоҳҳои гармкунӣ  ба анҷом расонида шудааст.

Дар 14 адад марказҳои саломатии деҳот ва маркази саломатии ноҳиявии ноҳияи мазкур ҳуҷраи хатна бо ҳамаи шароитҳояш ташкил карда шуд.

Дар 5 адад марказҳои саломати деҳотии (Қурғонча, Деҳмой, Тоҷикобод, 4-ум маҳалла, Зарафшон)-и ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳлилгоҳҳо ташкил карда шуд, ки дар натиҷа ҳамаи 14 адад марказҳои саломатии деҳот ва маркази саломатии ноҳиявии ноҳияи Ҷаббор Расулов ба пуррагӣ дорои таҳлилгоҳ гаштанд. Ҳамаи ин таҳлилгоҳҳо бо захираҳои реагентҳои асосӣ барои таҳлили пешоб, хун, фазла ва экспресс – тестҳои ЭТС, ВНМО ва гепатит таъмин карда шуданд.

Дар ҳамин давра 59 нафар, аз ҷумла 5 нафар табибони оилавӣ ва 54 нафар ҳамширагони оилавӣ, давраҳои бозомӯзиро дар самти тибби оилавӣ хатм намуда, бо ҷузъдонҳои тибби оилавӣ таъмин гаштанд. Баҳри гузаронидани мониторинги фаъолияти соҳа дар деҳот Маркази саломатии ноҳия бо нақлиёти хизматӣ таъмин шуд.

Аз ҷониби Лоиҳа дар маҷмӯъ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов бо назардошти ҳамаи хароҷотҳо ба ҳолати 1 декабри соли равон ба маблағи умумии 16 млн. 676 ҳазору 165 сомонӣ равона карда шудааст.