Рӯзи 14 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1949 Байтулмуқаддас пойтахти Исроил эълон шуд.
Рӯзи 14 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 1930 ноҳияи Дарвоз дар ҳайати ВМКБ таъсис ёфт.
Соли 2010 Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд”-ро ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошт.
Ҷашнҳои рӯзи 14 декабр
- Рӯзи кормандони додситонӣ.
Рӯзи 14 декабр кӣ ба дунё омадааст
- Дониш (Аҳмад – Махдум ибни Носир) (1826 – 1897) – нависанда, олим, хаттот, рассом, меъмори тоҷик.
- Нуралӣ Давлат (1964)- журналист, муаррих.
- Файзулло Кароматов (1925) – доктори илми санъатшиносӣ, профессор.
- Александр Мазаев (1904-1962)- арбоби давлатӣ (1938-1960 муовини аввали Раиси ҳукумати Тоҷикистон).
- Юрий Николаев (1923 – 1977) – доктори илми таърих, профессор.
- Носир Саидӣ (1902-1980)- нависанда ва тарҷумон;
- Ғафур Хушвахтов (1939-2012) – доктори илми иқтисод, профессор.
- Анастасия Чеховская (1908 -?) – драматург.
- Бунёд Ширин (1941-2011) – Шоири халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
- Муҳаммадҷон Шокиров (1948) – доктори илми тиб, профессор.
- Баҳодур Саодатшоев (1948)- журналист.
- Сайфиддин Қараев (1967)- журналист.