Ёдгор Файзов аз хизматҳои Оқохони IV дар рӯзҳои душвори мардуми Тоҷикистон гуфт

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки қисми аъзами ҷамоати исмоилиёни Тоҷикистон дар ин вилоят зиндагӣ мекунанд, бо ирсоли як паём 83-юмин солгарди Оқохони IV, имоми 49-уми исмоилиёни ҷаҳонро шодбош гуфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти мақомоти иҷроияи ВМКБ, Файзов дар паёми шодбошияш ба Шоҳ Карим ал Ҳусайнӣ, 49-умин имоми исмоилиён, барои заҳматҳои хастанопазир ва шабонарӯзӣ барои кумак ба башарият, ҳифзи дини мубини Ислом сипоси беандоза баён кардааст.

"Бо як хурсандӣ ва ифтихори бузург имкон дорам Шуморо аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Ҷумхурии Тоҷикистон ва мардуми он бо Рӯзи мавлудатон самимона табрику муборакбод намуда, ба Шумо тани сиҳат, умри дароз ва дар фаъолияти сермаҳсулатон комёбиҳоро таманно намоям", - омадааст дар паёми шодбошии Файзов.

Исмоилиёни ҷаҳон имрӯз зодрӯзи Шоҳ Карим ал-Ҳусайниро ҷашн мегиранд

Ӯ афзудааст, ки "ифтихор аз он дорам , ки Шумо умри пурбаракати худро вақфи беҳбуди зиндагии инсоният намудаед ва имрӯз дар ҷаҳон Шуморо на фақат ба ҳайси Имоми ҷамоати исмоилия, балки чун ҳомии кулли исломи ноб, шахсияти сулҳпарвар ва ободкору инсондӯст қадру эътирофу эҳтиром менамоянд".

Суханронии Аълоҳазрат Оқохони IV ва Раҳмон дар меҳмонхонаи "Серена" - видеои таърихӣ

Раиси ВМКБ изҳори хушнудӣ кардааст, ки ҳамкории Шабакаҳои АКДН ва Ҷамоат бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар рӯз ба сатҳи сифати олӣ рушд карда дар пешрафти Тоҷикистон чун шарики боэътимод нақши арзанда доранд.

"Шоҳиди гуфтаҳои боло ин вохӯрии навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомали Раҳмон бо Шумо дар кишвари Фаронса Волоҳазрати Воломақом маҳсуб меёбад, ки аз тарафи мардуми Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ва ҳамчунин ҷумҳурӣ хеле хуш истиқбол гардид ва моро мутмаин месозад, ки ҳамкориҳои минбаъда боз ҳам густариш хоҳанд ёфт ва чандин ташаббусхои мутобиқи замони навро рӯӣ кор хоҳанд овард".

Мулоқоти Раҳмон бо Шоҳзода Карим Оқохони lV дар Фаронса

Файзов дар паёми шодбошияш ба Шоҳ Карим ал Ҳусайнӣ, 49-умин имоми исмоилиён, барои заҳматҳои хастанопазир ва шабонарӯзӣ барои кумак ба башарият, ҳифзи дини мубини Ислом сипоси беандоза баён кардааст.

"Дар ин Рӯзи нек мехостам сидкан барои кулли дастгирихои Шумо дар он рӯзхои хеле душвор ва шукуфони имрӯзи Тоҷикистон ба Шумо ташаккури зиёд иброз намуда бори дигар аз даргоҳи Аллоҳ ба Шумо Мавлоно Ҳозир Имом бардавомии зиндагӣ ва қувваю нерӯи тамонашаванда ҷисмонию маънавӣ таманно намуда, орзу дорам иншоолоҳ инсоният боз солҳои тӯлонӣ аз дуову баракат ва хизматҳои бесобиқаи Шумо баҳра хоҳад бурд ва онро қадр хоҳад кард".