Супориши Раҳмон: Расулзода бо ҷараёни сохтмони роҳи "Душанбе-Бохтар" шинос шуд

Қоҳир Расулзода масъулонро вазифадор кардааст, ки дар доираи дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон дар атрофи роҳ ниҳолҳои ороишию сояафкан шинонанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Рӯзи 12 декабр, дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода аз ҷараёни татбиқи марҳилаи якум ва дуюми сохтмон ва навсозии шоҳроҳи "Душанбе-Бохтар" шинос шуд.

Айни замон дар марҳилаи аввали лоиҳаи сохтмон ва навсозии шоҳроҳи "Душанбе-Бохтар", ки 33,2 километрро ташкил медиҳад, 250 нафар бо истифодаи беш аз 120 техникаву механизми роҳсозӣ дар 35  қитъа корҳоро бо сатҳу сифати баланд иҷро мекунанд.

Супориши вижаи Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Кумитаи тадорукот ба Вазорати фарҳанг

Аз шумораи умумии кормандон 92 дарсадашро мутахассисони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.

Шоҳроҳи "Душанбе-Бохтар"  аз категорияи "III"-юм ба категорияи "1-Б" гузаронида шуда, паҳноии роҳ аз 16 ба 25 метр баробар карда мешавад.

Тибқи нақша зимни таҷдид ва навсозӣ сохтмони 4 пул, 69 қубур ва васеъ кардани роҳ дар назар дошта шуда, он аз ду самти ҳаракат ба чор хатти ҳаракат расонида мешавад. Ҳамчунин дар минтақаҳои аҳолинишин дар доираи лоиҳа чароғонкунии ду тарафи роҳ дар назар дошта шудааст. Муҳлати сохтмони марҳилаи якуми роҳ 3 сол муайян шуда, он бояд соли 2020 мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии роҳсозӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.

Бо пули Чин 21 километри роҳҳои дохилишаҳрии Кӯлоб навсозӣ мешавад

Дар татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи сохтмон ва навсозии шоҳроҳи "Душанбе-Бохтар" дар маҷмуъ 360 нафар бо  102 нақлиёт ба кор ҷалб карда шудаанд, ки айни замон дар 33 нуқта 170 нафар бо 74 техникаю механизми роҳсозӣ фаъолият доранд. Дар марҳилаи дуюм низ аз шумораи умумии коргарон 80 дарсадаш мутахассисони маҳаллӣ мебошанд.

Баҳои баланди Расулзода ба корҳои сохтмонии беморхонае, ки Узбакистон дар Хатлон месозад

Марҳилаи дуюми лоиҳаи сохтмон ва навсозии шоҳроҳи "Душанбе-Бохтар" 39, 6 километрро дар бар гирифта, мувофиқи лоиҳа дар ин қитъа сохтмони як пул, 46 адад қубури обгузар, мавзеи чорвогузар,  18 адад истгоҳ ва 3 адад гузаргоҳ сохта шуда, роҳ ба категорияи якуми роҳсозӣ мутобиқ гардонида мешавад.

Мувофиқи нақшаи пешбинишуда марҳилаи дуюми шоҳроҳи мазкур соли 2021 ба истифода дода хоҳад шуд.

Аснои шиносоӣ Қоҳир Расулзода масъулонро вазифадор кардааст, ки дар доираи дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон шинонидани ниҳолҳои ороишию сояафкан ва ободу зебо гардонидани атрофи шоҳроҳи мазкурро оғоз намуда, ҳамзамон бо вусъат бахшидани ҷараёни корҳои сохтмону навсозӣ иншооти мазкурро дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замон ба истифода супоранд.