Ҷашнҳои рӯзи 12 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи 12 - уми декабр ҳамчун Рӯзи бетарафӣ дар Туркманистон, дар Русия Рӯзи Сарқонун ва дар Қазоқистон Рӯзи кормандони мақомоти гумрук таҷлил мешавад
Sputnik

Рӯзи 12 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1911 пойтахти Ҳиндустон аз Калкутта ба Деҳлӣ кўчонида шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 10 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1932 миёни собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ва Чин муносиботи дипломатӣ баркарор карда шуданд.

Соли 1992 дар Индонезия бар асари заминларза 2200 нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 1995 иҷлосияи 50-умини Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қарор қабул намуд, ки тибқи он ба Туркманистон расман мақоми ҳамешагии  давлати бетараф дода шуд.

Рӯзи 12 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли  2007 Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ипотека"-ро қабул намуд.

Соли 2015 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии “Сиёсати бетарафӣ: ҳамкории байналмилалӣ баҳри сулҳ, амният ва рушд” суханронӣ карданд.

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он як зумра масъалаҳои марбут ба гузаронидани интихоботи парлумонӣ дар ҶТ (1 марти соли 2015) мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Соли 2016 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нахустин сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка рафтанд.

Ҷашнҳои рӯзи 12 декабр

  •  Рўзи бетарафии Туркманистон.
  • Дар Федератсияи Россия – Рўзи Конститутсия.
  • Дар Ҷумҳурии Қазоқистон – Рўзи кормандони мақомоти гумрук.
  • Дар Кения – Рўзи истиқлолият.

Рӯзи 12 декабр кӣ ба дунё омадааст

Соли 1928 – нависанда  Чингиз Айтматов.

Солҳои (1908-1976) – академик Абдулғанӣ Мирзоев.

Солҳои (1914-1975) – таърихшинос Арда Қувватов.