Ноболиғ ҳамёни сокини Душанберо, ки дар кӯча бо фарзандаш машғули бозӣ буд, дуздид

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошт гаридани як ноболиғ, сокини ноҳияи Рӯдакӣ хабар медиҳад, ки дар дуздии ҳамёни сокини пойтахт гумонбар дониста мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Кормандони милитсия сокини 11 - солаи ноҳияи Рӯдакиро боздошт намуданд, ки дар дуздии ҳамёни сокини пойтахт гумонбар дониста мешавад.

Пулҳои сокини Восеъ, ки ба бонк бовар накарда дар сандуқ нигоҳ дошт, тӯъмаи дузд шуданд

Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикисон, ба ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ариза марди 39-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки ҳамёни ӯро касе аз ҷайбаш духдида фирор кардаст.

Боздошти ноболиғи 16-сола дар Ҳисор барои дуздии 12 ҳазор сомонӣ

"Санаи 10-уми декабри соли равон, тахминан соати 16:20-дақиқа, ҳангоми дар майдончаи кӯдакон, воқеъ дар назди бинои “Рӯдакӣ-Плаза”-и пойтахт бо фарзандонаш ба бозӣ машғул будан, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ҳамёнашро, ки дар дохили он 15 ҳазору 350 сомонӣ буд, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст", - омадааст дар хабар. 

Ду ноболиғи 12 сола аз хонаи марди 40-сола 26 ҳазор сомонӣ дуздиданд

ВУД меафзояд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, ноболиғи 11-сола, хонандаи синфи 5-уми МТМУ, сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд.

Гуфта мешавад, феълан кормандони пулис аз рӯи ҳодисаи мазкур тайфтишот мегузаронанд.