Сафири Эрон хостори афзоиши ҳаҷми мубодилоти иқтисодии Теҳрону Душанбе шуд

Сафири Эрон дар Тоҷикистон бар зарурати афзоиши ҳаҷми мубодилоти иқтисодии Теҳрону Душанбе таъкид кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 дек - Sputnik. Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар дидор бо Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон дар хусуси роҳҳои густариши равобити ду кишвар дар заминаҳои иқтисодӣ ва молӣ табодули назар кард, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Низомуддин Зоҳидӣ: омодаам ҳамкори радиои тоҷикии Садои Хуросон бошам

Тибқи иттилои манбаъ, сафири Эрон дар Тоҷикистон бо ишора ба зарфиятҳои боло ва моҳияти мукаммал будани иқтисоди Эрону Тоҷикистон омодагии Эронро барои ҳамкорӣ дар ҳама заминаҳо ва иҷрои тарҳҳои муштарак бо Тоҷикистон эълом кард.

Вазири молияи Тоҷикистон ҳам дар ин дидор бо ишора ба собиқаи тӯлонии дӯстӣ ва иштирокоти ду миллат ва давлатҳои Эрону Тоҷикистон гуфт, бо таваҷҷуҳ ба тавонмандии фаннӣ ва содиротии ширкатҳои эронӣ Тоҷикистон дар бисёре аз заминаҳо омодаи ҳамкорӣ барои сохти корхонаҳои муштарак аст.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Иззатуллоҳ Сатторӣ, вазири кишоварзии Тоҷикистон зимни дидор бо сафири Эрон гуфт, ки ҷумҳурӣ барои ҳамкорӣ ва истифода аз таҷрибаи Эрон дар бахши кишоварзӣ омода аст.

Вазири кишоварзии Тоҷикистон дар дидор бо Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон, бар зарурати густариши беш аз пеши равобити дуҷониба таъкид кард.

Муҳаммадтақии Собирӣ: Эрон омодаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар тамоми бахшҳои кишоварзӣ аст

Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон низ дар ин дидор бо ишора ба таҳаввулоти мусбати чандмоҳаи ахир дар равобити ду кишвар гуфт, Эрон дар бахши кишоварзӣ дар заминаҳои тавлид ва тавсеаи мошинолоти кишоварзӣ, таъмин ва ислоҳи тухмии маҳсулот, густариши мустаҳкам кардани соҳилҳо ва ҳифозати хок, афзоиши зариби худиттикоии маҳсулоти роҳбурдии асосӣ ва тавсеаи обзипарварӣ ва парвариши моҳӣ дар дарё ва парвариши парандагон, дастовардҳои қобили таваҷҷуҳе доштааст.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон тавсеаи боғот, тавсеа ва фароварии гиёҳони доруӣ, шабакаҳои обёрӣ ва заҳкашиву сомонаҳои навини обёрӣ, густариши зерсохтҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ ва афзоиши тавлидоти саноеи такмилӣ ва табдилӣ дар бахши кишоварзиро аз дигар дастовардҳои Эрон дар заминаи кишоварзӣ унвон кард.

Собирӣ гуфт, бо таваҷҷуҳ ба оби фаровон ва заминҳои муносиби кишт дар Тоҷикистон, Эрон омодаи ҳамкорӣ дар тамоми заминаҳои бахш кишоварзӣ бо ин кишвар аст.