ДУШАНБЕ, 11 дек - Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Туман мефарояд. Ҳаво шабона 3+5 ва рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳо кӯҳӣ борон ва барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо боришот шиддат гирифта, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борон ва барф меборадҲаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 13-13 ва рӯзона 4-9 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ борон бошиддат борида, шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр барф меборад. Дар ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.