"Хавфи сиёсӣ". Сӯҳбати ихтисосӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон – қисмати аввал

Шурӯъ аз 3 декабри соли равон Маркази миллии пардозиш (протсессинг) минҳайси танзимгари миллии интиқоли пардохтҳои пулӣ аз сӯи Бонки миллии Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард, ки мӯҷиби овозаву сарусадоҳо ва нигарониву сарсониҳои зиёди муштариёни бонкҳои кишвар шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Бархе роҳандозии низоми навро як навъ дастдарозӣ ба маболиғи муҳоҷирини меҳнатӣ, кӯшиши инҳисори бозори интиқоли маблағҳо ва ҳатто эҷоди буҳрони иқтисодӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ карданд.

Ба хотири равшанӣ андохтан ба ин нигарониҳо ва назароти мухталиф дар бораи роҳандозии Маркази миллии пардозиш (ММП) Sputnik Тоҷикистон бо мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон мусоҳиба орост, ки ҳоло пешниҳоди хонандагон мешавад:

Зарурати ташкил кардани ММП дар чӣ буд?

Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи татбиқи сиёсати ислоҳотии худ иқдом гирифт, ки Маркази миллии протсессингӣ (ММП) - и интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳо дар назди Бонки миллии Тоҷикистонро таъсис диҳад.

ММП навоварии технологие мебошад, ки дар самти низоми бонкӣ амалӣ мегардад ва дар ҷаҳон ҳамтои худро надорад. Ҳоло раванди ҷаҳонишавӣ идома дорад ва ҳеҷ як давлат аз он берун буда наметавонад.

"Вестерн Юнион" интиқоли маболиғро оғоз мекунад

Табиист, ки ҳар як раванд паҳлуҳои мусбиву манфии худро дорад. Иқтисодиёти мо хурд аст ва мо сиёсати дарҳои бозро пеш гирифтаем – сармоягузорон ва институтҳои молиявӣ метавонанд дар иқтисодиёти мо озод маблағгузорӣ намоянд. Дар навбати худ, раванди ҷаҳонишавӣ ва сиёсати дарҳои боз баъзе хатарҳои худро низ дорад.

Масалан, ҳамгироӣ бо иттиҳодияҳову созмонҳо барои кишвари мо баъзе хатару номуайяниҳоро пеш меорад, чун вақте мо ба онҳо пайваст мешавем, баъзе шарту шароитҳои онҳоро бояд бипазирем. Қабули ин шарту шароитҳо метавонад ба иқтисодиёти кишварҳои аъзошаванда таъсири худро расонад.

Дар ин ҳолат мо маҷбур мешавем, ки ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллии кишварамон шартҳои худро пеш гузорем.

Ин равандҳо ба бозори интиқоли маблағҳо чӣ муносибат доранд? Зоҳиран, аз Тоҷикистон метавон бидуни мушкил пули интиқолиро дарёфт кард ва ё пул интиқол дод...

Айни замон, бозори интиқоли маблағҳо (ба ҳисоби миёна дар солҳои 2018 – 2019) ҳудуди 2,5 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Ин маблағ асосан аз сӯи муҳоҷирини меҳнатӣ аз Русия ба Тоҷикистон ва бидуни кушодани суратҳисоби бонкӣ интиқол меёбад. Қисмати бузурги ин маблағ – ҳудуди 80% тавассути як низоми интиқолӣ – "Золотая корона" ворид ва 75% интиқоли маблағҳо ҳам аз Тоҷикистон тавассути ин низом ба хориҷ ирсол мешавад. Худ тасаввур кунед, ки агар вазъи молиявии “Золотая корона” вазнин шаваду рӯ ба муфлисшавӣ орад, бо он 2 миллиард долларе, ки тавассути низоми “Золотая корона” интиқол дода мешуд, чӣ пеш меомад?

Эълони Бонки миллӣ дар бораи интиқоли маблағ тавассути "Юнистрим" ва "Контакт"

Ин маблағи бузург муаллақ мемонд ва Тоҷикистон якбора дар интиқоли 82 фоизи интиқол ба дохил ва ҳам интиқоли 75 фоиз ба хориҷ ба мушкил дучор меомад, ки ин ҳолат ба дефолти низоми пардохт оварда мерасонад, ки бешак ба иқтисодиёт бетаъсир намемонад.

Ҳамон ҳолат рух медод, ки соли 2014 пас аз муфлисшавии оператори низоми интиқоли "Мигом" ва "Лидер" иттифоқ афтод. Яъне бонкҳои мо аз ҳисоби худ он 2 млрд. долларро ба мардум мепардохтанд, аммо "Золотая корона" ба бонкҳои мо онро пардохта наметавонист.

Худи ҳамон тавре, ки “Мигом” ва “Лидер” 1 миллион доллар ва беш аз 50 миллион рубли русиро аз муҳоҷирони мо барои интиқол гирифтанд, аммо ба ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон напардохтанд.

Бигирем, ки мушкиле ба сари “Золотая корона” омад. Муфлисшавӣ ҳам дар як – ду рӯз ба вуҷуд намеояд ва кор ба як бӯҳрони бузург нахоҳад кашид?

Мутаассифона, ин гуна таҳаввулот зуд таъсири худро мерасонанд, тавре ки дар мисоли “Мигом” ва “Лидер” дидем. Агар 82% - и маблағ аз сӯи бонкҳои Тоҷикистон ба мардум пардохта шаваду “Золотая корона” ин маблағро ба онҳо надиҳад, ҳама ба якборагӣ дучори мушкили бузург мешаванд ва ба паёмадҳои ногувор дучор меоянд. 2 миллиард доллар барои ширкатҳои фаромиллӣ маблағи ночиз аст, аммо барои иқтисодиёти хурди мо як маблағи бузург аст.

Интиқол манъ аст: чаро фиристодани маблағ аз Русия ба Тоҷикистон имкон надорад

Ҳиссаи назаррас доштани як ширкати хориҷӣ дар бозори хизматрасониҳои молиявии Тоҷикистон дар маҷмӯъ як қатор хавфҳои молиявӣ – иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиро пеш овардааст. Ин ҳам вобаста шудани низоми бонкии кишвар аз як ширкат аст. Ин ширкат метавонад ба ҳар гуна ҳадаф фишангҳои худро барои таъсир расонидан ба вазъи иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар истифода барад.

Аз ҷумла ҷой доштани хавфи таҷаммӯъ, яъне ҳангоми пайдо шудани мушкилии техникӣ дар фаъолияти Гурӯҳи ширкатҳои Маркази технологияҳои молиявӣ (ЦФТ) ва ё ҳолати ғайричашмдошт метавонад якбора ҳам ба бозори хизматрасонии интиқолӣ, ҳам ба бозори хизматрасонии кортҳои бонкӣ ва ҳам ба вазъи молиявии Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзӣ ва дар умум низом таъсири бевоситаи худро расонад. 

Шумо чӣ кор карданиед?

Барои ҷилавгирӣ аз ҳамчунин вазъи ногувор, ки паёмадҳои на фақат иқтисодӣ, балки иҷтимоиву сиёсӣ низ метавонад дошта бошад, мо ММП-и интиқоли маблағҳоро таъсис додем ва аз низомҳои интиқоли пулӣ хостем, ки ба он пайваст шаванд. Мо ба онҳо гуфтем, чун иҷозатномаи БМТ бо шумост, ҳамаи шумо ҳаққи кор ва фаъолиятро доред ва касе ин ҳақро аз шумо намегирад, аммо танҳо коре, ки бояд кунед, боз кардани суратҳисоб дар ММП ва дар он нигоҳ доштани якшабонарӯза пулест, ки ба Тоҷикистон интиқол медиҳед.

Дар ҳоли пеш омадани вазъи ногувор ин пул ба бонкҳои Тоҷикистон таслим мешавад, то онҳо пули ба мардум додаашонро пардохт кунанд ва ҳам худ зиён набинанд.

Оё нигоҳ доштани гардиши якшабонарӯза мантиқӣ аст? Масалан, дар Русия таҷлили бархе идҳо, аз ҷумла Соли нав, як ҳафта идома меёбад...

На фақат идҳо, балки рӯзҳои истироҳат ҳам дар назар ҳастанд. Низоми пардохтӣ бояд аз қабл барои ҳамаи ин рӯзҳое, ки истироҳатӣ ё ҷашниянд, маблағи гардиши якшабонарӯзиро дар суратҳисоби худ гузоранд ва ММП бояд онро донаду назорат кунад. То имрӯз БМТ аслан намедонист, ки дар ин бозор чӣ мегузарад, зеро шартнома миёни ҳамон низоми интиқолӣ ва бонку ташкилоти қарзӣ дар Тоҷикистон баста шуда буд. Ду тараф медонистанду халос.

Мушкили интиқоли пул: чаро дар бонкҳои Тоҷикистон издиҳом ба вуҷуд омадаст 

Гузашта аз ин, ташкилоти қарзии Тоҷикистон бо шартҳое кор мекарданд, ки низомҳои интиқолӣ пешашон мегузоштанд. Масалан, низомҳои пардохт фоизи фоидаро маълум мекарданд. Хулоса, ҳадафи ММП ҳимояти шаҳрвандон ва низоми бонкӣ, яъне бонку ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон аз чолишҳоест, ки дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ вуҷуд доранд. Агар мушкиле ҳам ба сари низомҳои пардохт дар хориҷ ояд, ба онҳо зарар нахоҳад расид.

Чӣ тавр муайян мекунед, ки гардиши якрӯзаи оператори низоми пардохт чӣ қадар аст?

Ҳар як низоми пардохт таҳлилҳои худро дорад ва медонад, ки ба ҳисоби миёна гардиши якрӯзааш чӣ қадар аст, зеро дар бозори мо хеле солҳо фаъолият мекунад ва ҳатман ки омори доимӣ дар даст дорад. Ба мо тақрибан маълум аст, ки кадом оператор чӣ қадар гардиши якрӯза дорад.

Дар бозори интиқоли маблағҳои Тоҷикистон чанд низоми пардохт ё ширкати интиқоли маблағ расман иҷозаи фаъолият доранд?

 8 ширкат - “Юнистрим”, “Контакт”, “Вестерн Юнион”, “Золотая корона”, “Бест”, “Близко”, “Мани Грам” ва “Связной”. Суол: Ҳоло ҳиссаи “Золотая корона”, ки 82% - и бозорро дар даст дошт, миёни 7 низоми дигар тақсим мешавад? БМТ: Ҳадаф на тақсим, балки танаввуъ (диверсификатсия) ва эҷоди рақобати солим аст.

Фақат “Юнистрим”: саргардонии мардум аз дарёфти маболиғи интиқолии муҳоҷирин - акс

Табиист, ки як ширкат наметавонад ҳамаро инҳисор (монополия) кунад. ММП ҳоло ин бозорро назорат хоҳад кард ва намегузорад, ки бозор дар дасти як ширкат бошад. Метавонем гӯем, ки аввалин дастоварди ММП низ эҷоди ҳамин танаввуъ буд.

Ҳоло бозори интиқоли маблағҳо миёни ду ширкат – “Юнистрим”, “Контакт” ва кортҳои пластикӣ тақсим шудааст. Низомҳои дигари пардохти байнулмилалӣ ҳам ба ММП муроҷиат кардаанд ва музокирот бо онҳо дар ҷараён аст.

Дари бозор ба рӯи ҳамаи онҳо боз аст....