Ҷашнҳои рӯзи 10 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи даҳуми декабр рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон ва рӯзи ҷаҳонии футбол буда, дар Тайланд – Рӯзи Конститутсия мебошад
Sputnik

Рӯзи 10 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли  1901 аввалин маротиба маросими супоридани ҷоизаи Нобел баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 10 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1939  дар Фаронса дар рӯзҳои душанбе, сешанбе ва ҷумъа ба фурӯш баровардани гӯшт манъ карда шуд.

Соли 1945 ИМА барои таъсис додани қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк розигӣ дод.

Соли 1948 Ассамблеяи Генералии СММ Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро қабул намуд.

Соли  1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 9 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2010 дар шаҳри Маскав Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои ИДМ ва ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок намуд.

Соли 2012 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба узвияти Созмони умумиҷаҳонии савдо пазируфта шуд.

Соли 2013 дар бинои Барномаи рушди СММ, воқеъ дар шаҳри Душанбе маросими ба имзо расонидани созишномаҳои Барномаи оид ба волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ баргузор шуд.

Соли 2014 вакилони Маҷлиси намояндагон Созишнома дар бораи принсипҳои асосии ҳамкории  байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати  муштараки "Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd"-ро ба тасвиб расониданд.

Соли 2017 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба имзо расид.

Соли 2017 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба имзо расид.

Ҷашнҳои рӯзи 10 декабр

  • Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон.
  • Рӯзи умумиҷаҳонии футбол.
  • Дар Тайланд – Рӯзи Конститутсия.

Рӯзи 10 декабр кӣ ба дунё омадааст

Fайбулло Афзалов (1948)- арбоби давлатӣ.

Искандар Боев (1954) – сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Зиё Абдулло (1948) – шоир, публисист.

Адҳам Ғиёсов (1952) – доктори илми техникӣ, профессор.

Хуршед Каримов (1935) – доктори илми биологӣ, профессор, академики АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ.

Олег Куршеитов (1945) – меъмор, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.

Абдуғаффор Қодиров (1953) – математик, профессор.

Раҷаббек Қосимов (1959) – доктори илми химия.

Ҳусейн Насриддинов (1929) – Ҳофизи халқии Тоҷикистон.

Насрулло Юсуф (1954) – нависандаи ҳаҷвнигор.

Нодири Нодирӣ (1953)- шоир.

Бобо Расулзода (1936 – 2009) – журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Зарулло Раҳмонов (1959) – доктори илмҳои физикаю математика, профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.

Ҳалимҷон Саидов (1936)- олими соҳаи техника, профессор.

Ҳаким Сангинов (1933) – ҳуқуқшинос, профессор.

Ҳаким Содиқов (1933)- ҳуқуқшинос, профессор.

Эшон Худойбердиев (1936 – 1998) – аввалин генерали тоҷик дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан.

Виктор Ҳазратов (1938) – скрипканавоз, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Султонмурод Ҳоҷибоев (1943) – шоири узбекзабони Тоҷикистон.

Мунира Ҷабборова (1937) – доктори илми фалсафа,профессор.

Баҳром Шермуҳаммадов (1934 – 1998) – доктори илми филологӣ.

Худоёр Юсуфбеков (1928 – 1989) – доктори илми биологӣ, профессор, академики АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Сино.

Рӯзи 10 декабр дар Тоҷикистон кӣ вафот кард

Соли 2010 сарояндаи ҷавон Сӯҳроб Сафарзод.