Путин қарори WADA-ро дар бораи дур кардани Русия сиёсӣ номид

Рӯзи душанбе WADA варзишгарони Русияро аз иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бозиҳои олимпӣ ба муддати чор сол маҳрум кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 дек - Sputnik. Раҳбари Русия Владимир Путин қарори Оҷонсии ҷаҳонии зидди допинг (WADA) -ро алайҳи Русия сиёсӣ номидааст, хабар медиҳад Р-Спорт. 

Хоби даҳшатноки варзишкорони Русия. Маърӯзаи WADA ба чӣ таҳдид мекунад?

Рӯзи душанбе WADA варзишгарони Русияро аз иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бозиҳои олимпӣ ба муддати чор сол маҳрум кард. Танҳо варзишгарони "тозаи" Русия, ки дар ҳолати бетараф рақобат мекунанд, қабул карда мешаванд.
"Аз даврони қонунгузориҳои Рум инҷониб қоида ҳамин аст. <...> Ҷазоҳо метавонанд хусусияти дастаҷамъӣ надошта бошанд ва нисбати одамоне татбиқ карда шаванд, ки гуноҳе надошта бошанд ва ҳама инро дарк мекунанд. Ман фикр мекунам, ки коршиносони WADA низ инро мефаҳманд", - гуфт Путин дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ дар Париж пас аз нишаст дар "формати Норман".
Вай изҳор дошт, ки асоси ин тасмим "мулоҳизаҳои сиёсие мебошанд, ки ба манфиатҳои варзишӣ ва ҳаракати олимпӣ ҳеҷ иртиботе надоранд".
"Он чизе, ки ман дарҳол мебинам ин аст, ки нисбат ба Кумитаи миллии олимпии Русия ҳеҷ гуна шикояте вуҷуд надорад ва агар ягон шикояте вуҷуд надошта бошад, пас кишвар бояд зери парчами миллӣ пайдо шавад. Ин мувофиқи низомномаи олимпӣ метавонад бошад", - гуфт президент.
Қаблан радиои Sputnik хабар дода буд, ки Путин дар бораи WADA ва таҳримҳои нави ИА гуфт.