Низомуддин Зоҳидӣ: омодаам ҳамкори радиои тоҷикии Садои Хуросон бошам

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон гуфт, ба унвони намояндаи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодаам ҳамкори радиои тоҷикии Садои Хуросон бошам
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 дек - Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории “Parstoday” Низомуддин Шамсиддини Зоҳидӣ дар гуфтугӯ бо радиои тоҷикии Садои Хуросон бо баёни ин ки расолати сафирон тақвияти ҳамкориҳо бо кишвари маҳали иқоматашон аст афзуд, бинобарин ман ҳам талош мекунам то сатҳи ҳамкориҳо байни Эрон ва Тоҷикистон баланд бардошта шавад.

Зоҳидӣ: иллати шикасти давлати Сомониён вуҷуди тафриқа ва набуди ваҳдати миллӣ буд

Сафири Душанбе дар Теҳрон афзуд, дар ин замина расонаҳо ва васоили иртиботи ҷамъӣ бисёр муассир ҳастанд.

Зоҳидӣ гуфт, ман барои радиои тоҷикии Садои Хуросон эҳтиром қоил ҳастам, зеро коркунони ин радио дар дастёбии мо ба ҳадафҳоямон, ки тақвияти беш аз пеши ҳамкориҳои ду кишвар аст саҳим ҳастанд.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон барои ҳамкорӣ бо радиои тоҷикии Садои Хуросон дар барномасозӣ дар бораи таҳаввулоти Тоҷикистон эъломи омодагӣ кард ва афзуд, мо аз вазъияти Тоҷикистон бештар огоҳем ва метавонем дар тавзеҳи равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамон бо ин радио ҳамкорӣ кунем.

Зоҳидӣ дар посух ба пурсиши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар бораи роҳкори бозгушоии Дафтари садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон дар шаҳри Душанбе гуфт, бовар дорам, ки намояндагони  садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон ба зудӣ фаолияти худро дар Тоҷикистон оғоз мекунанд, то замина барои тақвияти беш аз пеши равобити ду кишвар фароҳам шавад.

Сафири Душанбе дар Теҳрон гуфт, Созмони садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон  метавонад дар ин замина мукотиба кунад ва мо низ омодаи ҳамкорӣ ҳастем.