Эълони кишварҳои дорои интернети камсуръат: Тоҷикистон чандум?

Мардуми дунё имрӯз аз хизматрасониҳои зиёде истифода мекунад, ки бо интернет алоқаманд аст, вале на дар ҳамаи кишварҳо суръати интернет сокинонро қонеъ мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Коршиносони хизматрасонии Speedtest дар бораи суръат ва нархи интернет дар гӯшаю канори дунё гузориш нашр карданд.

Бонки ҷаҳонӣ гуфт, кӣ ба рушди интернет дар Тоҷикистон монеъа эҷод мекунад

Дар умум суръати миёнаи интерент дар дунё - 70 Мбит/с мебошад. Вале дар аксари кишварҳои ҷаҳон суръати интернет хеле паст аст ва операторҳо наметавонанд суръати баланди интернетро таъмин кунанд.

Ман мухолифам: хашми корбарони Фейсбук аз болоравии арзиши интернет дар Тоҷикистон

Ҳамин тавр дар Тоҷикистон суръати миёнаи интернет 21.1 Мбит/с, буда, суръати интернети телефонӣ пасттар - 10.8 Мбит/с мебошад.

Ба Tcell чӣ шуд?: нигаронии корбарон аз маҳдудиятҳо дар истифодаи ширкат

Дар ин росто, Тоҷикистон аз рӯи суръати интернети телефонӣ дар байни 141 кишвари ҷаҳон дар мақоми 132-юм ҷойгир шудааст ва аз рӯи интернети хонагӣ аз миёни 176 кишвар дар мақоми 108-ум ҷойгир шудааст.

Тибқи гузориши Speedtest, босуръаттарин интернет дар Куреи Ҷанубӣ ва Сингапур мавҷуд аст.