Аз омори ғайривоқеӣ то афзоиши қарзи обрасонӣ: нигаронии Зокирзода дар Мастчоҳ

Маҳмадтоир Зокирзода, муовини сарвазир дар ҷараёни баргузории ҷаласа дар ноҳияи Мастчоҳ аз мувофиқат накардани рақамҳои оморӣ ба нишондиҳандаҳои воқеии соҳаи кишоварзӣ нигаронӣ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Маҳмадтоир Зокирзода, муовини сарвазир дар ҷараёни баргузории ҷаласа дар ноҳияи Мастчоҳ бинобар мувофиқат накардани рақамҳои оморӣ бо нишондиҳандаҳои воқеии соҳаи кишоварзӣ аз кори Мирзоҷамол Мирзозода мудири шуъбаи омори ноҳия интиқод кардааст.

Тағйироти кадрӣ дар Суғд: Рустамзода роҳбари дастгоҳ таъин шуд

Бино ба иттилоъи сомонаи расмии ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ ҷаласаи васеъи кормандони соҳаи кишоварзӣ ва масоили беҳдошти замин ва обёрӣ бо иштироки Маҳмадтоир Зокирзода рӯзи гузашта доир шудааст.

Раиси ноҳияи Мастчоҳ шахсан барои мансабҳои холӣ мутахассис интихоб кард

Дар ин ҷаласа, ки дар толори ҳукумати Мастчоҳ баргузор шудааст, масоили соҳаи кишоварзии ноҳия матраҳ шудааст. Муовини сарвазири кишвар натиҷаҳои соҳаи кишоварзиро таҳлил намуда, барои мувофиқат накардани арқому асноди оморӣ бо нишондиҳандаҳои воқеии соҳаи кишоварзӣ аз кори Мирзоҷамол Мирзозода мудири шуъбаи омори ноҳия нигаронӣ кардааст.

Маҳмадтоир Зокирзода, аз афзоиши қарзи маблағи обрасонӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ёдовар шуда, ки дар муқоиса ба ҳар дигар шаҳру навоҳии Суғд, ташвишовар будааст.

"Агар бо забони рақамҳо ҳарф занем, ноҳияи Ашт - 84%, Деваштич - 91%, Истаравшан -108%, Конибодом - 83%, Исфара - 70%, Зафаробод - 40% нақшаи пардохти маблағи обрасониро иҷро карда бошанд, пас ноҳияи Мастчоҳ нақшаро 31 - % таъмин намудаасту халос", - гуфтааст Зокирзода.

Бо ироаи ин маълумот муовини сарвазир ҷиҳати пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ, саривақт иҷро намудани маъракаи шудгор, фаъолсозии кори гармхонаҳо дар фасли зимистон дар ноҳияи Мастчоҳ ба масъулин дастур додааст.

Ноҳияи Мастчоҳи аз ноҳияҳои кишоварзии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ба ҳисоби кишти пунбадона, тарбузу харбуза асосан дар Суғд дар ҳамин ноҳия парвариш карда мешавад.

300 гектар замин ба Узбакистон!? Гап сари чист?

Аммо кишоварзони Мастчоҳ мегуянд, солҳои охир ба далели камобӣ ва тағйирёбии иқлим аз деҳқонӣ ба мисли солҳои пеш ҳосили хуб гирифта намешавад.