ДУШАНБЕ, 9 дек - Sputnik. Бар асоси тағйироти кадрии ахир, Рустам Рустамзода, роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ ва Абдухалил Рустамзода (Ёрматов), директори корхонаи фаръӣ давлатии бақайдгирии молумулки ғайриманқул дар ин ноҳияи Суғд таъин карда шудаанд.
Хабари ин тағйироти кадриро манобеъи Sputnik Тоҷикистон аз ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ тасдиқ карда ва гуфтанд, ки Рустам Рустамзода, собиқ директори корхонаи фаръӣ давлатии бақайдгирии молумулки ғайриманқул дар ноҳияи Мастчоҳ дар ин вазифаи наваш Муҳаммад Идизода ро иваз намудааст.
Дар бораи ин, ки Идизода бо омадани Рустамзода ба чи вазифа таъин карда шудааст, иттилоъе дастрас нест. Бо гузаштани Рустам Рустамзода, ба вазифаи роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ ба ҷои ӯ, Абдухалил Рустамзода (дар гузашта Ёрматов) директори корхонаи фаръӣ давлатии бақайдгирии молумулки ғайриманқул дар ин ноҳия таъин шудааст.
Зимнан КФД бақайдгирии молумулки ғайриманқул яке аз идораҳои калидии давлатӣ ва дар айни замон сердаромад ба ҳисоб меравад. Ҳуҷатгузории замин ва манзили сокинон умдатан тавассути ҳамин идора сурат мегирад.
Абдухалил Рустамзода (Ёрматов) дар гузашта раиси идораи замини шаҳри Хуҷанд буд, вале расо як сол муқаддам номаш дар расонаҳои хабарӣ дар ҳоле зиёд мечархид, ки мақомот аз боз шудани парвандаи марбут заминфурӯшӣ алайҳи ӯ хабар медоданд.
Парвандаи ӯ, ки бар асоси шикояти гурӯҳи сокинон дар як соли пеш таркиб ёфта буд дар прокуратураи генералӣ банду баст карда мешуд. Аммо худи Ёрматов дар суҳбат ба расонаҳо даст доштанаш ба заминфурӯшӣ ва расонидани зарар ба сокинонро инкор мекард.