Садамаи маргбор: кӯдаки 3-сола зери чархи мошин ба ҳалокат расид

Ронандаи мошини “Опел-Астра”, дар баромадгоҳи деҳаи Охҷари ноҳияи Восеъ кӯдаки 3-соларо пахш намудааст, ки дар натиҷа ноболиғ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 дек - Sputnik. Дар  роҳи автомобилгарди “Темурмалик-Восеъ” дар як садамаи маргбор кӯдаки се сола ба ҳалокат расидааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодисаи нихоуш санаи 8-уми декабри соли равон, тахминан соати 15:30-дақиқа, рух додааст.

Манбаъ таъкид намудааст, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ғафуров Ширинбек Субҳонқулович, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Темурмалик-Восеъ”, дар баромадгоҳи деҳаи Охҷари ноҳияи Восеъ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол Хушвахтов Усмон Бахтиёрович, соли таваллудаш 2016, сокини деҳаи Охҷарро пахш намудааст.

“Дар натиҷа, хурдсол Хушвахтов У.Б. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - қайд намудааст ВКД Тоҷикистон.

Ҳамзамон, манбаъ зикр намудааст, ки дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ҳодисаи мазкур  таҳқиқот идома дорад.