Куштор: марди 53-сола дар ҳолати мастӣ ҳамсарашро буғӣ кард

Дар вилояти Суғди Тоҷикистон кормандони милитсия марди 53-соларо, ки дар қатли ҳамсараш гунаҳгор дониста мешавад, боздошт намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 дек - Sputnik. Марди 53-солаи ноҳияи Бобоҷқон Ғафуров бо гумони одамкушб боздошт шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон.

Сӯиқасд ба ҷони ҳамсар дар боғи нави шаҳри Кӯлоб: сабаб рашк

Бино бар иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 53-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони одамкушӣ дастгир карда шуд.

Манбаъ қайд намудааст, ки номбурда, рӯзи 6-уми декабри соли 2019, тахминан соати 18:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш дар ҳолати мастӣ бо ҳамсараш, зани 53-сола, аз сабаби муноқишаи ба миён омада ҷангу ҷанҷол намуда, бо дастонаш ӯро буғӣ намуда ба ҳалокат расонидааст.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсия аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишотро идома доранд.

Ёдрас мешавем, ки ВКД Тоҷикистон чанде пеш хабар дода буд, ки Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд марди 23-сол дар як муноқишаи оилавӣ хушдомани худро бо корди хоҷагӣ шаш маротиба зада кушта, сипас ҳамсари худро захмӣ намудааст.

"Ҳар рӯз маст меомад, гирифтаму куштамаш": тафсилоти куштори шавҳар ба дасти ҳамсар- Навор

Тавре масъулини милиса хабар додаанд, марди 23-солаи сокини ҷамоати деҳоти Шаҳраки шаҳри Исфара бо аризаи худиқроркунӣ ҳозир шудааст, ки рӯзи 4-уми декабри соли равон, дар хонаи истиқоматии хушдоманаш (зани 42-сола), аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо корди хоҷагӣ 6-маротиба ба узвҳои баданаш зада куштааст.

Инчунин шахси номбурда ба ҳамсараш низ ҳамла намуда ӯро 4-маротиба бо корд зада захмӣ намудааст.

Тавре манбаъ қайд намудааст, дар натиҷаи ин ҷанҷоли хунин хушдомани марди номбурда дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ҳамсараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.