"Худогоҳии миллӣ дар осори Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ" нашр шуд

"Бозтоби масъалаҳои худогоҳии миллӣ дар осори устодон Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ" дар Душанбе ба нашр расид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 дек - Sputnik. "Бозтоби масъалаҳои худогоҳии миллӣ дар осори устодон Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ" — чунин унвон дорад маҷмӯаи илмии кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ки ба тозагӣ интишор гардид.

Дар мақолаҳои илмии профессорон Нуъмонҷон Ғаффорӣ "Назаре ба тарҷумаҳои Лоиқ", Саидмуроди Хоҷазод "Устод Лоиқ ва забони миллӣ", дотсентон Наврӯз Гулзода "Ифодаҳои маҷозӣ бо луғатҳои соматикӣ дар осори Муъмин Қаноат", Абдуҷаббори Сурӯш "Устод Лоиқ ва марзи ҷовидонагӣ", Абдулҳамид Шоев "Устод Муъмин Қаноат дар шинохти Лоиқ", ҷанбаҳои рӯй овардан ба масоили худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар осори ду ситораи назми муосири тоҷик бо дидгоҳи нав мавриди пажӯҳиши илмӣ қарор гирифтаанд.

Рамзи Ваҳдати миллӣ бар асоси тарҳи Муъмин Қаноат сохта мешавад

Ҳамчунин дар мақолаҳои илмии профессорон Манзура Мадатзода "Назаре ба инъикоси сулҳу ваҳдат дар ашъори Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ", Холмаҳмад Раҳимов "Устод Лоиқ ва ҳувияти миллӣ" масъалаҳои худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар осори ду ситораи назми муосири тоҷик таҳқиқ шудаанд, менависад АМИТ "Ховар".

Аз ҷумла, дар маҷмӯа омадааст, ки шоирон Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ сулҳу ваҳдати миллиро чун неъмати беҳтарин пазироӣ карда, дар тавсифу ситоиши ин падидаи фархунда ашъори фаровон эҷод намудаанд.

Дар маҷмӯа зикр шудааст, ки такондиҳандаи аслии зеҳнияти Лоиқ ба дарк ва фарогирии масъалаҳои худшиносии таърихӣ ва ҳувияти миллӣ, ҳувияти инсонӣ ва фардияти ҳунарии ӯ вобаста буд.

Олимон дар китоб хулоса кардаанд, ки ҳам Муъмин Қаноат ва ҳам Лоиқ Шералӣ бо ашъори сулҳпарваронаашон чун шоирони ватандӯст ва ваҳдатсаро мардумро ба ягонагию ҳамдилӣ даъват намудаанд.

Маҷмӯа барои пажӯҳишгарони осор, устодони донишгоҳҳо, унвонҷӯён ва ҳаводорони ашъори ин устодон пешбинӣ шудааст.