Ҳавои бебориш: ҳарорати ҳаво дар Душанбе 18 дараҷа гарм мешавад

Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон эълон намудааст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаву бебориш дар назар буда, ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар шаҳри Душанбе рӯзона ба 16+18 дараҷа мерасад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 дек - Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаву бебориш мешавад. Ҳарорати ҳаво шабона 0+2 ва  рӯзона 16+18 дараҷа гарм мешавад.

Зимистони гарм: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.   Туман мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0+5  ва рӯзона 13+18  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 5-10 дараҷа хунук ва  рӯзона аз 0+5 то 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар ҳамин ҳол, ҳарорати ҳаво дар ВМКБ тағйирёбандаи   бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5, дар баъзе ноҳияҳо то 7-12 дараҷа хунук ва  рӯзона  5+10  дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда  шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук  ва   рӯзона    4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.