ДУШАНБЕ, 9 дек - Sputnik. Имрӯз дар пойтахти кишвар иҷлосия таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ сурат гирифта.
Дар маҷлиси мазкур масоили муқаррар намудани миқдори ҳавзаҳои интихоботӣ барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва таъсис додани комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.
“Бо баррасии масъалаҳо иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе қарор кард, ки миқдори ҳавзаҳои интихоботӣ барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар доираи 70 (ҳафтод) адад муқаррар карда шавад”, - таъкид намудааст манбаъ.
Ҳамчунин бо пешниҳоди Раиси шаҳри Душанбе иҷлосия комиссияи шаҳрии интихобот доир ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо дар ҳайати 9 нафар таъсис дод.
Раиси шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи вакилони халқ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва риояи принсипҳои асосии интихобот доир намудани интихоботи вакилони халқи шаҳри Душанбе ва таъмини тартибот, амният ва бехатарии шаҳрвандон дар ҷараёни баргузории он ҷалб намуд.