Усмоналӣ Усмонзода: забони давлатии Тоҷикистон- забони форсист

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар маросими рӯнамоӣ аз китоби “Забони миллат, ҳастии миллат” навиштаи Эмомалӣ Раҳмон гуфт забони тоҷикӣ (форсӣ) дар Тоҷикистон ба унвони забони давлат таъйин шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 дек - Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории “Parstoday” Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон эълон кардааст, ки забони давлатӣ дар Тоҷикистон таҳти таваҷҷуҳи раисҷумҳури кишвар қарор дорад ва забони тоҷикӣ (форсӣ) ба унвони забони давлат таъйин шудааст.

Нуриддин Саид: мо зарурат ба хатти форсӣ гузаштанро надорем

Усмоналӣ Усмонзода бо ишора ба таваҷҷуҳи вижаи давлати Тоҷикистон ба иштирокоти фарҳангӣ бо Эрон гуфт, чопи даҳҳо ҷилд китоб дар бораи Фирдавсӣ, Мавлавӣ, Рӯдакӣ ва дигар адибони форсизабон ва баргузории ҷашнҳои гиромидошти бузургони адаби форсӣ аз муҳимтарин алоқаҳои давлати Тоҷикистон аст.

Вазири энержии Тоҷикистон, ки барои ҳузур дар сездаҳумин иҷлоси комиссияи муштараки иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон ба Теҳрон сафар кардааст, дар муддати иқомати худ зимни ширкат дар Шӯрои ҳуккоми об, ки бо ҳузури вазирони энержии 15 кишвари ғарб ва маркази Осиё баргузор шуда буд, дар маросими рӯнамоӣ аз китоби “Забони миллат, ҳастии миллат” навиштаи Эмомалӣ Раҳмон низ ҳузур ёфт.

Ин китоб дар Теҳрон ба чоп расидааст ва рӯзи чаҳоршанбе аз он рӯнамоӣ шуд.

Бояд қайд кард, ки Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон моҳи июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки имрӯз Тоҷикистон зарурат аз хатти сирилик ба хатти форсӣ гузаштанро надорад.

“Мо ҳеҷ гоҳ нияти аз хатти сирилик ба хатти форсӣ гузаштанро надоштем. Мо зарураташро ҳам намебинем”, - таъкид кард Нуриддин Саид.

Инчунин, вай илова кард, ки дар мактабҳои миёна Тоҷикистон барои хонандаҳои синфҳои 7-8 омӯзиши алифбои ниёгон роҳандозӣ шудааст.

“Мо дар синфҳои 7-8 алифбои ниёгона дарс медиҳем. Вазорат ҳамчунин китобҳоро низ чоп карда, пурра дастраси хонандаҳо кардааст”, - қайд намуд вазир.  

Ӯ гуфт дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ягон зарурат барои баргаштан ба хатти форсӣ вуҷуд надорад.