Зимистони гарм: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Имрӯз дар Тоҷикистон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво имрӯз то 18 дараҷа гарм мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Бино ба иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок ва  тағйирёбандаи   бебориш мешавад. 

Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук ва  рӯзона  1+6 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 22-27 ва рӯзона  4-9 дараҷа хунук мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Барфу борон: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, шабона дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Рӯзона дар  баъзе ноҳияҳо ҳаво бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти  ғарб  бо суръати 3-8 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук  ва   рӯзона  5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 6 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  ва рӯзона 13+18  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 5-10 дараҷа хунук ва  рӯзона аз 0+5 то 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 2+4 ва  рӯзона 14+16 дараҷа гарм мешавад.