Песков гуфт, кай Путин ва Зеленский як ба як вомехӯранд

Маълум шуд, кай дидори як ба яки президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва кишвардори Украина Владимир Зеленский баргузор мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, кай мулоқоти дуҷонибаи президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва кишвардори Украина Владимир Зеленский доир мегардад.

Назарбоев пешниҳод кард мулоқоти Путин ва Зеленский дар Қазоқистон баргузор шавад

Нахустин мулоқоти шахсии Владимир Путин ва Владимир Зеленский дар доираи нишасти "чоргонаи норманд", рӯзи 9 декабр баргузор хоҳад шуд, изҳор дошт Песков.

Путин дидгоҳаш дар бораи Зеленскийро тавзеҳ дод

Дар чорчӯби ин нишаст ҳамчунин Владимир Путин бо президенти Фаронса  Эммануэл Макрон ва канслери Олмон Ангела Меркел мулоқот хоҳад кард.

Эҳтимол нахустин мулоқоти Путин ва Зеленский дар Фаронса баргузор шавад

Дар баробари ин сухангӯи президенти Русия дар бораи суҳбати телефонии Путин хабар дод, вале дақиқ нагуфт, ки бо кадом сиёсатмадор ин суҳбат барпо мешавад.

Ёдрас мешавем, ки раҳбарони Русия, Украина, Олмон ва Фаронса дар нишасти "чоргонаи норманд", ки рӯзи 9 декабр баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.