Интихобот дар Хоруғ: гурӯҳи вижаи кории Ҳукумат бо аҳли зиё ва ҷавонон мулоқот кард

Мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро барои ширкат дар интихоботи вакилони Маҷлиси Олии кишвар, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқу ҷамоатҳо ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон омода мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Бо мақсади баланд бардош­тани маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолона ширкат намудан дар маъракаҳои интихоботии соли 2020 гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Сайфиддин Давлатзода бо аҳли зиёи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва маорифчиёну ҷавонон мулоқот намуд, хабар медиҳад нашрияти "Садои мардум".

Нуриддин Саид пеш аз интихобот ба вилояти Суғд рафт

Намояндаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Ҷаббор Қодиров иброз дошт, ки соли 2020 ду маъракаи муҳим дар пеш аст — интихоботи вакилони Маҷлиси Олии кишвар, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқу ҷамоатҳо ва охири соли оянда интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон.

Эмомалӣ Раҳмон бо судури як фармон рӯзи интихоботро дақиқ кард

"Интихобот, қабл аз ҳама, бояд бо роҳи қонунӣ амалӣ гардад. Мувофиқи таҷрибаи ҷаҳонӣ дар замони муосир халқ ба воситаи иштирок дар интихобот ва раъй­пурсӣ марому ҳадафҳои худ­ро амалӣ менамояд ва бо ин роҳ дар ҷараёни идоракунии давлат саҳм мегузорад. Ҳуқуқи шаҳрвандии интихобот дар санадҳои муҳими байналмилалӣ муқаррар гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ танҳо аз Конститутсия ва қонунгузории вобаста ба интихоботи кишвар ва санадҳои байналмилалӣ истифода менамояд", — гуфт Ҷ. Қодиров.

Қайд гардид, ки интихобот ифодакунандаи нақшу мавқеи ҳар шахс, ҳизбу иттиҳодияи шаҳрвандӣ маҳсуб меёбад, ки рӯҳияву афкори интихобкунандагон ва тамоюли рушди такомули сиёсии ҷомеаро муайян мекунад.

Арафаи интихобот: Президент теъдоди кормандони дастгоҳи КМИР ва мошинҳоро муайян кард

Ба таъкиди Давлатзода, ҷаҳони имрӯзаро технологияи иттилоотиву иртиботӣ фаро гирифтааст ва он ба буҳрони сиёсиву фарҳангӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шудааст.

"Муносибати аҳли ҷомеа бо дастовардҳои муосири технологӣ дорои ҷанбаи гуногун аст ва танҳо касоне, ки дорои фаҳмиши дурусти сиёсӣ — иҷтимоӣ ва иттилоотианд, метавонанд худ ва наздиконро аз хабарҳои бофтаю фитнаҷӯёнаи шабакаҳои иҷтимоӣ наҷот диҳанд. Вале онҳое, ки аз чунин донишҳо дуранду тавоноии таҳлили хабарҳои паҳншударо надоранд, ба зудӣ фирефтаи гурӯҳҳои экстремистию террористӣ мегарданд. Бинобар ин, ҳар фарди ҷомеаро зарур аст, ки ба моҳияти илмии мафҳумҳои терроризму экстремизм, хурофоту бегонапарастӣ сарфаҳм равад", — афзуд Давлатзода.

Ёдрас мешавем, ки пештар вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саид барои ташвиқу тарғиби ҷавонон ба интихобот, ба вилояти Суғд сафар карда буд.